15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ПАЁМ – ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ МАЪНАВИИ КИШВАР

 

Дар ҳошияи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16-уми декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”

 

Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин дастовард ва оғози марҳалаи нави давлатдории миллӣ мебошад. Дар ин масири созандагӣ нақши муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа буда, барои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявию демократӣ беназир аст. Дар ин росто паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун қутбнамоест, ки роҳи имрӯзу фардои моро равшан мекунад. Зеро дар паём дастовардҳои замони Истиқлол зикр гардида, вазифаҳои нав барои таҳкими минбаъдаи давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ муайян карда мешавад. Ин ҳуҷҷати муҳим дар баробари ҳисоботи ҷамъбастии солона будан, таҷассуми ормонҳои миллӣ ва комёбиҳои давлату миллати тоҷик мебошад.

​Ҳар сол дар паём тамоми паҳлуҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар таҳлил мешавад. Агар ба таърихи навини давлатдории тоҷикон назар афканем, мебинем, ки маҳз тавассути амалӣ намудани дастуру раҳнамоиҳои дар паёмҳои Пешвои миллат ироашуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт, амнияти озуқаворӣ таъмин гардид ва ба истиқлоли энергетикӣ бениҳоят наздик шуд. Ҳамаи ин дастовард ва пешрафти кишвар ҳамон меваҳои ширини даврони истиқлоланд, ки дар ҳар нуктаҳои паём инъикос ёфтаанд.

Дар натиҷаи таҳлили амиқи паёмҳои Пешвои миллат мебинем, ки яке аз нуктаҳои марказии ҳар паём беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии мардум аст. Ҳамасола зиёд гардидани маоши кормандон, нафақаи пиронсолон ва стипендияи донишҷӯён далели равшани беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат аст. Тавре дар паём навбатӣ омадааст: “Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд”.

Дар паёми навбатии худ Пешвои миллат ба яке аз масъалаҳои муҳим, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, тақвияти заминаи моддиву техникӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ташхису табобат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба таҷдиди даҳҳо беморхонаҳо ва ворид намудани технологияи нави ташхисию табобатӣ аз пешрафт дар ин соҳа арзёбӣ намуданд. Чунин иқдомҳо нишонаи он аст, ки ҳадафи ниҳоии паёми Роҳбари давлат фароҳам овардани зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо мутахассисони касбӣ, хусусан, дар деҳоту минтақаҳои дурдаст аз вазифаҳои муҳим дарҷ гардид. Инчунин Пешвои миллат зарурати пешгирии бемориҳо, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва боло бурдани сатҳи маърифати тиббии аҳолиро таъкид намуданд. Ин тадбирҳо ба коҳиши сатҳи бемориҳо ва беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои саломатии ҷомеа мусоидат мекунанд, зеро “фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад”.

Яке аз соҳаҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат ин соҳаи маорифи кишвар мебошад. Дар паём Пешвои миллат таъкид намуданд, ки рушди устувори кишвар бевосита ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва соҳибкасб будани насли наврас вобаста буда, имрӯзҳо садҳо мактаб, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ бо шарту шароити ба замони муосир мутобиқ сохта ба истифода дода шуда истодааст. Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани сифати таълим, такмили мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимӣ ва истифодаи васеи технологияҳои муосир вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, дар паём ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, беҳтар намудани шароити фаъолияти онҳо ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба самти омӯзгорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин ҷода боз як қадами устувор гузошта шуд. 17-уми декабри соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат таҳия гардида буд, ба тасвиб расид. Қонуни мазкур аз 6 боб ва 16 модда иборат буда, тамоми паҳлуҳои ҳаёти касбӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии омӯзгорро фаро мегирад. Он бо ҳадафи баланд бардоштани мақоми иҷтимоиву ҳуқуқӣ, таъмини кафолатҳои давлатӣ, ҳимояи шаъну шарафи омӯзгорон таҳия шудааст. Дар арафаи қабули қонуни мазкур дар паёми навбатӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки омӯзгор қувваи асосии ташаккули инсони комил ва ҷомеаи пешрафта мебошад.

Инчунин дар паём зарурати тақвияти таҳсилоти томактабӣ, рушди таҳсилоти касбӣ ва мутобиқсозии низоми таълим ба талаботи бозори меҳнат махсус қайд шуд. Ин тадбирҳо барои тарбияи мутахассисони соҳибкасбу ватандӯст заминаи мусоид фароҳам меоранд: “...Мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем”. Ҳамзамон, зикр гардид, ки баҳри беҳтар гардидани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф ва илм аз моҳи сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва илм 20 фоиз зиёд карда шаванд.

​Пешвои миллат дар паёмҳои худ ҳамеша ба масъалаи ҳифзи сулҳу субот,  арзишҳои миллӣ, забон ва таърихи куҳанбунёдамон таъкидҳои муҳим менамоянд. Ин раҳнамоиҳо моро водор месозад, ки ба қадри неъмати бебаҳои Истиқлол бирасем ва дар муқобили таҳдидҳои ҷаҳони муосир устувор бошем: “Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад”.

Дар ҳар вохӯриву мулоқотҳо Пешвои муаззами миллат ба масъалаи худшиносиву худогоҳӣ миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд, ки ин танҳо ёдоварии муқаррарӣ аз мероси таърихӣ набуда, балки роҳе барои тақвияти руҳияи шикастнопазирии миллат шарафманди мо мебошад. ​Арҷ гузоштан ба мероси ниёгон ва таъкидҳо дар бораи омӯхтани осори гузаштагонамон дар мисоли “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров намунаи беҳтарини пиёданамоии сиёсати худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошанд, зеро мероси таърихиву фарҳангии моро Пешвои миллат шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик номиданд.

​Сарвари давлат дар паёмҳои хеш ҳамеша моро ба ҳифзи асолати забон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ҳидоят мекунанд, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳангҳои бегона, ки мудом ба фазои маънавии мо таъсири манфӣ расонида истодааст, паём ҳамчун дастури муқовимат бо омилҳои номатлуб моро ба ҳифз ва пос доштани арзишҳои миллӣ равона месозад.

​Тақлид ба сару либоси бегонаро Роҳбари давлат дар паём махсус таъкид карда, ба тарғиби либоси миллӣ рӯ овардан ва ҳифзу нигоҳдории расму оини аҷдодиро вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баномуси ватандор номиданд: “Бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо набояд ба таассубу ифротгароӣ ва тақлид ба фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст, роҳ диҳем”.

​Худшиносии миллӣ дар паём танҳо бо ифтихор доштан маҳдуд намешавад, чунки он бо маънои ҳифзи марзу буми кишвар ва обод кардани ҳар як гӯшаи Ватан тавъам аст. Ин неъмат файзи Истиқлол аст, ки мо аз соҳибватан будани худ ифтихор мекунем.

Паём барои мо мактаби бузурги ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ мебошад, зеро дар он набзи зиндагии аҳли ҷомеа ва нақшаҳои бузурги созандагию ободонӣ ҷой дода шудаанд. Вазифаи ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ аз он иборат аст, ки ин ҳуҷҷати ояндасозро сармашқи кори худ қарор дода, барои шукуфоии бештари Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

​Паёми Пешвои миллат моро огоҳ месозад, ки Истиқлол бузургтарин неъмат аст ва ҳифзу нигоҳдории он маҳз аз шинохти асли хеш, пос доштани мероси гаронмояи ниёгон, эҳтиром ба забону таърих, фарҳанг ва ватандӯстии воқеӣ оғоз гардида, пойдории он ниҳоят муҳим мебошад.

​Мо бояд дарк намоем, ки ҳар як роҳнамоие, ки Сарвари давлат дар паём ироа доштанд, хишти иловагӣ дар пойдевори кохи муҳташами давлатдории миллии мост. Бо боварии том метавон гуфт, ки ҳар мисраи паём раҳнамои созанда дар қалби ҳар фарди ватандӯст шуълаи ифтихорро фурӯзон намуда, моро баҳри ободии Тоҷикистони азиз муттаҳид месозад.

 

Сафар ОЛИМЗОДА,

Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе