15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ПАЁМ - РОҲ БА СУЙИ ОБОДОНӢ ВА ШУКУФОИИ КИШВАР

 


Шарҳу тавзеҳи Паём бо иштироки вакини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №107-и ноҳияи Шоҳмансур


       Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №107-и ноҳияи Шоҳмансур дар идомаи баргузории вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Шоҳмансур оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16 декабри соли 2025 бо омузгорон ва сокинони ноҳия вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ориф Амирзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Умед Содиқиён ва муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Файзиддин Саидзода ширкат варзиданд.

Дар оғози вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Файзиддин Саидзода меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, доир ба аҳаммияти Паём ва ҷойгоҳи он дар рушду пешрафти кишвар ибрози андеша намуд.

Дар идомаи суҳбат вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ориф Амирзода қайд намуд, ки бо шарофати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат давоми солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳимми иқтисодӣ ноил гардид. Сохта шудани корхонаҳои нави саноатӣ, рушди энергетика, пешрафти кишоварзӣ ва беҳтар гардидани инфрасохтори роҳу нақлиёт аз натиҷаҳои асосии ин раванд ба шумор мераванд.

Инчунин гуфта шуд, ки дар робита ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 – “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон гардид. Пас ҳар яки моро зарур аст, ки ба хотири ободонӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Дар ахир дархосту пешниҳоди сокинони маҳал оид ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.