15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ПАЁМ – САОДАТИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо мақсади омӯзиши самараноки паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш Раиси ноҳияи Шоҳмансур Сафар Маҳмадшо, муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Амирзода, сардори Раёсати энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Азиз Шарифзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилрабо Маҳмашарифзода, муовини директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” Исматулло Азизов, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе М.Ҷалилзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Садриддин Шамсуддинзода, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, намояндагони соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомот иштирок намуданд.
Ҳамоиши мазкур ба муҳтавои асосии паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигаронида шуда, самтҳои муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ, энергетика, сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими оила, пешгирии амалҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонон ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки дар робита ба эълон гардидани соли 2026 – “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ҳар яки моро зарур аст, ки дар ободонӣ ва пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда дошта бошем.
Дар анҷоми ҳамоиш ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар паём аз 16-уми декабри соли 2025 таъкид гардидаанд, пешниҳодҳои мушаххас ироа шуда, паёмро ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми роҳнамо ба ояндаи дурахшони кишвар ва саодати зиндагии шоистаи мардум арзёбӣ намуданд.