Дар ҳошияи паёми Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”
21/01/2026
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи
Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами
Эмомалӣ аз 5-уми январи соли 2026, №01 оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи паёми Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии
сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш Раиси ноҳияи Шоҳмансур Сафар Маҳмадшо,
муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода, сардори Раёсати энергетика ва
саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Азиз Шарифзода, сардори Раёсати кор бо
занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилрабо
Маҳмашарифзода, директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” Маъруф
Оқилзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи
Раиси шаҳри Душанбе Маъруф Ҷалилзода, муовини директори Муассисаи давлатии “Телевизиони
Сафина” Зебунисо Азизӣ, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия,
мудирони шуъба ва бахшҳои мақомот ва сокинону фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Ҳамоиши мазкур ба муҳтавои асосии паёми Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигаронида шуда, самтҳои муҳимми рушди иҷтимоию
иқтисодӣ, сиёсати давлатии занон, таҳкими оила, пешгирии амалҳои номатлуб,
баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ миёни наврасону ҷавонон мавриди
баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин зикр гардид, ки Паём ифодагари ғамхориҳои
пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба сатҳи зиндагии мардум ва таъмини адолати
иҷтимоӣ буда, таҳкими Истиқлол ва ваҳдати миллӣ омили асосии пешрафти давлат
аст.
Дар анҷоми ҳамоиши омӯзишӣ ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва
босифати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паём аз 16-уми
декабри соли 2025 таъкид гардидаанд, пешниҳодҳои мушаххас ироа шуда, паёмро
ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми роҳнамо ба ояндаи дурахшони кишвар ва саодати зиндагии
шоистаи мардум арзёбӣ намуданд.