21/01/2026
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи
Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
шаҳри Душанбе ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вохӯрӣ бо сокинон ва фаъолони
ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.
Дар вохурӣ муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Заррина
Зуҳурзода, ёрдамчии Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, капитани
милитсия Омина Шуҳратзода, Сардори
ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур подполковники милитсия Нурзод Давлатзода, Сардори
ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур подполковники милитсия Фирдавс Шарофзода иштирок ва
суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Заррина Зуҳурзода
меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, доир ба аҳаммияти паём ва ҷойгоҳи он дар
рушду пешрафти кишвар ибрози андеша намуд.
Дар идома ҳозирин доир мавзуъҳои ҷинояту ҷинояткорӣ,
пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ
ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, ҷалби волидон ба таълиму тарбияи дурусти
фарзанд, дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи
масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии
шаҳрвандон”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” инчунин
оид ба пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби
фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз бегонапарастӣ, пешгирӣ кардан хариду фурӯши
одамон, нашъамандӣ ва дар ниҳоди наврасону ҷавонон баланд бардоштани ҳисси
ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти
давлатӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, тарғиби тарзи ҳаёти
солим, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан ва дигар масъалаҳои муҳим
ибрози назар гардид.
Дар қисмати ҷамъбастии вохурӣ аз ҷониби намояндагони
мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба саволҳои сокинони ноҳия оид ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта
ҷавоби мушаххас дода шуд.