15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – КАФИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР

 

Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025

                                                      

 Тули солҳои охир барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дастгириҳои пайвастаи  Пешвои муаззами миллат ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир соҳиб гаштем ва барои дар оянда боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани шогирдон ба олимпиадаҳо ва озмунҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин омода намудани омӯзгорони ҷавон аз ҳисоби мутахассисони ҷавону эҷодкор, такмили фаъолияти кории ҳар як омӯзгорро зери назорат гирифта, ба ҳамаи ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат сазовор мегардем.

Соҳаи маориф ҳамчун пояи асосии рушди устувори давлат ва ташаккули ҷомеаи мутамаддин дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад ва инро мо – маорифчиён бояд дар кору фаъолияти худ исбот кунем.

Боиси хушнудист, ки зери сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат маоши омӯзгорон аз моҳи сентябри соли равон 25 дарсад ва маоши дигар кормандони соҳаи илму маориф 20 дарсад зиёд мешавад.

Итминони комил дорем, ки тамоми омӯзгорон дастгирии Пешвои миллатро бо руҳияи баланд қабул намуда, барои беҳтар ба роҳ мондани кори таълим ва тарбияи насли наврас тамоми кӯшиш ва заҳмати худро ба харҷ медиҳанд.

Ба ғайр аз соҳаи маориф ва илм, тамоми сохторҳои буҷавии мамлакат имрӯз аз баракати Пешвои маҳбуби муаззам баҳраманд гардида, бо дасту дили пок ба сӯйи муваффақиятҳо ва шукуфоии миллати маҳбуб равона мешаванд, орзуву армонҳои амалишударо ба воқеият табдил медиҳанд ва Тоҷикистонро дар ҳамаи самтҳо байни давлатҳои абарқудрат муаррифӣ мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз ҳазорҳо омӯзгорону хонандагони Тоҷикистони азиз паёми ояндасозро то ба охир бо меҳру муҳаббат тариқи оинаи нилгун тамошо намуда, ҳамдигарро бо эҳсоси олӣ ва руҳбаландӣ таҳният намуданд.

Итминони комил дорем, ки ин паём дастуру роҳнамо ва пешбарандаи фаъолияти тамоми сохторҳо ва мардуми шарафманди Тоҷикистон хоҳад буд.

Албатта, дар ҳар Паёми тозаи Пешвои миллат ҳеҷ соҳае нест, ки дар таҳлили он сарфи назар шавад. Вале ҳамеша мушоҳида мешавад, ки масъалаи тарбияи насли ояндасози кишвар, яъне ҷавонон дар руҳияи худшиносию меҳанпарастӣ дар меҳвари ҳар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирад.       

Сарвари давлат зимни ироаи Паём ҷавононро ба дарки ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, маърифатафрӯзию худогоҳии миллӣ, завқи бадеӣ, баҳра бурдан аз илмҳои замонавӣ, арҷгузорӣ ба хотираи таърихӣ, истифодаи мақсадноки техника ва технологияи муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ҳаваси забономӯзӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои гуногунсатҳ, роҳ надодан ба тақлиди куркурона, дурӣ ҷустан аз андешаву афкори ифротӣ раҳнамоӣ менамоянд.

Аз ҷумла дар Паёми имсола чунин қайд карданд: “Бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо набояд ба тақлид ба фарҳанги бегонаву таассубгароӣ, ки ниҳоят хатарбор аст, роҳ диҳем”.

Албатта, дар Тоҷикистон чандин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои миллӣ, барномаҳои давлатӣ, консепсияву стратегияҳои соҳавӣ ва дастурамалҳое мавҷуданд, ки ба тарбияи наврасону ҷавонони кишвар дар руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ равона шудаанд. Вале дар ҳар Паёми Пешвои миллат хулосаи ин санадҳои хусусияти тарбиявидошта ба таври муассиру нишонрас бо таъкидҳои хосса ироа мешаванд, ки фаҳму дарки он барои ҳар табақаи ҷомеаи Тоҷикистон осон аст.

Аз ин лиҳоз бо баҳрабардорӣ аз ин таъкидҳои хосси тарбиявӣ, ки дарки амиқи онҳо миллатро аз ҷаҳл мераҳонад, расидан ба қасри саодатро нишон медиҳад, метавон Паёми Пешвои муаззами миллатро беҳтарин роҳнамои тарбиявӣ унвон кард. Роҳнамое, ки ба такрор онро мебояд мутолиа кард ва дар ҷодаи зиндагисозию ватандорӣ аз ҳар сатри он ҳадафмандона истифода бурд ва ба ин васила хонандагонро дар руҳияи худшиносию худогоҳии милли тарбия намуд.

 

Мунзима Нумонзода,

директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Шоҳмансур