Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Паёми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Ҳамватанони гиромӣ!
Сокинони арҷманди пойтахти кишвар!
Бо эҳсоси ифтихор ва самимият фарорасии моҳи мубораки Рамазонро ба кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.
Моҳи шарифи Рамазон моҳи нуру маърифат, сабру таҳаммул ва худшиносиву покизагии рӯҳу равон аст. Ин айёми муборак қалбҳоро ба ҳам наздик месозад, моро ба накӯкорӣ, меҳрубонӣ ва дастгирии якдигар раҳнамун месозад.
Мардуми фарҳангпарвари мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои волои инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ваҳдати миллиро пос медоранд. Моҳи Рамазон беҳтарин фурсатест, ки ин арзишҳоро таҳким бахшида, ба хотири ободии Ватани азизамон ва пешрафти давлат саъю талош намоем.
Бигзор ин моҳи муборак ба ҳар хонадон файзу баракат, саломатӣ ва осоиш оварад, дилҳоро аз кинаву адоват пок созад ва меҳру муҳаббатро баҳри муттаҳидии мардум афзун намояд.
Бо орзуи амалӣ гардидани ниятҳои неку ормонҳои созанда, фарорасии моҳи шарифи Рамазонро бори дигар ба сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунарзиамон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо сиҳатмандӣ, рӯзгори пурфайз ва сарбаландӣ таманно дорам.
Моҳи шарифи Рамазон муборак бошад!