15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати ҷашни Сада

Ҳамдиёрони гиромӣ! Ҳар яки Шуморо ба муносибати фаро расидани ҷашни куҳан ва пурғановати миллиамон - Сада самимона шодбош мегӯям. Сада аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонист, ки реша дар умқи таърих дошта, бо дигар ойинҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзи оламафрӯз, робитаи зич дорад. Сада мужда аз наздик шудани баҳор, анҷоми фасли сармо ва омодагии замин ба киштукори нав буда, кишоварзонро ба омодагии ҷиддӣ барои корҳои баҳорӣ ва истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ ҳидоят мекунад. Боиси ифтихори мо – тоҷикон аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ин ойини бостонӣ бо қарори ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият шомил гардид ва ҷойгоҳи шоистаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ пайдо кард. Ниёгони мо аз замонҳои гузашта ин ойинро ҳамеша ҷашн гирифта, пас аз он ба сабзкорӣ, ниҳолшинонӣ ва ободонии замину боғҳо оғоз менамуданд. Идомаи ин суннати нек дар соли таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ нишонаи фарҳанги баланди созандагии мардуми тоҷикро ифода менамояд. Бо орзуи пешрафт, ободӣ ва шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз, бори дигар ҳамаи шаҳрвандони кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ, бахусус, кишоварзони заҳматқаринро ба муносибати ҷашни Сада табрик гуфта, ба ҳар як хонадон саломатӣ, осудагӣ, баракат ва рӯзгори пурсаодат таманно менамоям. Ҷашни Сада фархунда бод, ҳамватанони арҷманд!