15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати иди Қурбон

Ҳамдиёрони азиз! Сокинони муҳтарами пойтахт, Бо эҳтирому самимият фарорасии Иди Қурбонро, ки аз ҷумлаи арзишмандтарин суннатҳои маънавию фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад, ба ҳамаи шумоён табрик менамоям. Иди Қурбон таҷассумгари фазилатҳои инсонӣ, аз қабили меҳру шафқат, ҳамдигарфаҳмӣ, саховатмандӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқиву маънавӣ мебошад. Моҳияти асилу инсонпарваронаи ин иди саид мардумро ба ваҳдату ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигар ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ҳидоят менамояд. Дар баробари иҷрои суннатҳои ин айёми муборак, кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд, беморон, оилаҳои камбизоат ва дигар амалҳои хайрхоҳона аз анъанаҳои деринаи мардуми мо ба ҳисоб меравад. Итминони комил дорам, ки сокинони мамлакат дар доираи таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ софдилона заҳмат кашида, барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани кишвари маҳбубамон саҳми арзишманди худро мегузоранд. Бо истифода аз ин фурсати муносиб кулли мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати Иди саиди Қурбон самимона муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадон фазои сулҳу оромӣ, хайру баракат ва ба Ватани азизамон пешрафту шукуфоии рӯзафзунро орзумандам. Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!