15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Паёми шодбошии Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Сафар Маҳмадшо ба муносибати Иди Меҳргон

Ҳамдиёрони азиз!
Шуморо ба муносибати фаро расидани яке аз ҷашнҳои қадимаи миллии мо – Иди Меҳргон, ки ҳамчун рамзи тирамоҳ, фаровонӣ, файзу баракат ва ҷамъоварии ҳосили дастранҷи деҳқонон таҷассумгари эҳтиром ба меҳнат ва неъматҳои табиат мебошад, самимона табрик мегӯям. Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои арзишманди фарҳангии миллати тоҷик буда, бо мазмуну моҳияти созандааш мардумро ба шукргузорӣ, меҳнатдӯстӣ, дӯстиву ҳамбастагӣ ва қадршиносии неъматҳои зиндагӣ ҳидоят менамояд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати фарҳангпарварона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё, ҳифз ва рушди суннатҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашнҳои мардумии ниёгон, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Дар баробари Наврӯз, Тиргон ва Сада, Меҳргон низ ҳамчун ҷузъи муҳими мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик эҳё гардида, имрӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Дар идомаи ин сиёсати созанда Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ ба эҳёву густариши суннатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба ҷашнҳои мардумӣ ва таҳкими муҳити фарҳангии пойтахт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоянд.
Меҳргон моро ба қадршиносии неъматҳои табиат, эҳтиром ба заҳмати инсон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ раҳнамоӣ мекунад. Дар ноҳияи Шоҳмансур низ ҳифзи муҳити зист, ободонии маҳал, тарғиби фарҳанги меҳнатдӯстӣ ва гиромидошти суннатҳои миллӣ аз самтҳои муҳими корҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ба шумор меравад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар ҳамаи сокинони ноҳияи Шоҳмансурро ба муносибати ин ҷашни бостонӣ ва пурфайзу баракат самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони шумо саломатӣ, хушбахтӣ, рӯзгори обод, файзу баракат ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Иди Меҳргон муборак бошад!