15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Паёми шодбошии Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Сафар Маҳмадшо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Муҳтарам сокинон ва меҳмонони пойтахт! Ҳамдиёрони азиз! Кӯдакони хушбахту дӯстрӯяк! ​Ҳамаи шумо насли наврасу ояндасози кишварро ба муносибати 1 июн — Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз самими қалб табрику таҳният мегӯям. ​Кӯдакон заминаи устувор, сарвати бебаҳо ва ояндаи дурахшони ҳар як давлату миллат ва ҷомеа мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи худ ба тарбияи насли наврас, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Сарвари давлат таъкид менамоянд. ​«Кӯдакон ояндаи ҷомеа ва давлати мо мебошанд ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо, таъмини шароити мусоиди зиндагӣ ва таълиму тарбияи насли наврас вазифаи муқаддаси ҳар як оила, ҷомеа ва давлат аст». ​Дар партави ин сиёсати хирадмандона ва таҳти роҳбарии созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати бунёди боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои муосири варзишӣ ва таъсиси марказҳои илмию эҷодӣ тамоми шароитҳо муҳайё карда шудаанд, то кӯдакони мо дар фазои сулҳу оромӣ, саломат ва хушбахт ба воя расанд. ​Вазифаи муҳими мо дар муносибат ба кӯдакон ин, пеш аз ҳама таълиму тарбияи босифат, муҳайё кардани шароити муосир дар кӯдакистонҳо ва мактабҳо барои аз худ намудани илму дониш ва технологияҳои нав мебошад. ​Тарбия дар руҳияи ватандӯстӣ ва дӯст доштани Ватан, эҳтироми калонсолон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳифзи саломатӣ ва амният, таъмини дастрасии комил ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, иҷрои қонунҳои миллӣ аз ҳар як сокини ноҳия талаб менамояд, ки нисбат ба тақдири насли наврас бетараф набошад ва онҳоро дар руҳияи инсондӯстию созандагӣ тарбия намояд. ​Кӯдакони азиз! ​Бори дигар иди шодиву нишотро табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатии бардавом, хандаи бепоён, хотири ҷамъ ва дар ҷодаи илму донишомӯзӣ муваффақиятҳои беназирро таманно дорам. Бигзор ҳамеша рӯи хандону қалби шод ва осмони Ватани азизамон — Тоҷикистон ҳамеша софу беғубор бошад! ​Идатон муборак, созандагони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол!