15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Паёми шодбошии Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Сафар Маҳмадшо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони сарбаланди ноҳияи Шоҳмансур!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз санаҳои пурифтихори таърихӣ ва ҷашнҳои муқаддаси миллӣ, самимона табрику муборакбод мегӯям.
Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи олии давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва ифтихори миллӣ, дар се ранги пурмаънои худ таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ, ҳувият ва ормонҳои наҷиби мардуми тоҷикро таҷассум месозад. Он нишонаи сарбаландии миллат, пайванди ногусастании наслҳо ва роҳи пуршарафи созандагии кишвари азизамон мебошад.
Қабули ин муқаддасоти миллӣ дар марҳалаи сарнавиштсози таърихӣ ба мардуми шарифи мо нерӯи тоза бахшида, ҷомеаро дар меҳвари ғояҳои ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд муттаҳид намуд. Имрӯз низ Парчами миллӣ қалби ҳар як фарди бедордилро саршор аз муҳаббат ба Ватан намуда, моро ба ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва саҳмгузорӣ дар ободии диёр ҳидоят мекунад.
Дар ин раванд, нақши мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани мақому эътибори Парчами давлатӣ беназир аст. Бо сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ дар ҷомеа ба арзиши олии маънавӣ табдил ёфта, худшиносиву ватандӯстии шаҳрвандон, бахусус насли ҷавон, тақвияти тоза меёбад.
Арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ нишонаи садоқат ба обу хоки Ватан ва эҳтиром ба гузаштаву имрӯзи миллат аст. Бовар дорам, ки наврасону ҷавонони ғайюр ва сокинони заҳматқарини ноҳияи Шоҳмансур минбаъд низ зери ин ливои пурифтихор муттаҳид шуда, бо дастовардҳои илмиву эҷодӣ, меҳнати софдилона ва ободкориву созандагӣ барои шукуфоии пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе ва боло бурдани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, озодиву соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати ҷовидонаи миллати тоҷик ҳамеша парафшон бошад!
Бори дигар, ин ҷашни фархундаро ба кулли сокинони ноҳияи Шоҳмансур ва ҳамватанони азиз шодбош гуфта, ба ҳар як хонадон тансиҳатӣ, файзу баракат, саодати рӯзгор ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод!