15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Паёми шодбошии Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Олимзода Сафар Маҳмадшо ба муносибати иди Қурбон

Муҳтарам сокинон ва меҳмонони ноҳияи Шоҳмансур! Ҳамшаҳриёни азиз! ​Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва шахсан аз номи худам, тамоми шумо ва дар симои шумо кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Иди саиди Қурбон — иди покиву озодагӣ, хайру саховат ва ҳамбастагию бародарӣ самимона табрику таҳният мегӯям. ​Иди Қурбон яке аз суннатҳои муқаддаси ниёгон ва арзишҳои волои фарҳангии мо буда, инсонҳоро ба сӯи ваҳдату ҳамдилӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва дастгирии якдигар ҳидоят менамояд. Ин айёми шариф ба мо таъкид мекунад, ки нисбат ба ятимону маъюбон, ниёзимандону камбизоатон ва калонсолон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо амалҳои хайру саховатмандонаи худ хотири онҳоро шод гардонем. ​Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доимо таъкид менамоянд, ки мо бояд дар ин рӯзҳои муборак аз исрофкорӣ ва худнамоӣ худдорӣ карда, бештар ободии диёр, таълиму тарбияи фарзандон ва кумаки воқеӣ ба эҳтиёҷмандон дошта бошем. ​Дар ин рӯзи саид ба шумо, ба ҳар як хонадони шумо сулҳу осоиш, файзу баракат ва саломатии бардавом хоҳонам. ​Бигзор дар кишвари маҳбубамон — Тоҷикистон ҳамеша сулҳу ваҳдат ва пешрафту шукуфоӣ пойдор бошад. Барои рушду ободии пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ба ҳар кадоми шумо неруву илҳоми нав хоҳонам. ​Иди саиди Қурбон ба тамоми хонадони шумо муборак ва хуҷаста бод, ҳамшаҳриёни азиз!