Паёми шодбошии Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Олимзода Сафар Маҳмадшо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол
Бо эҳсоси ифтихор ва самимияти беандоза ҳамаи Шумо ҷавонони сарбаланди ноҳия ва дар симои Шумо тамоми ҷавонони кишвари азизамонро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона шодбош гуфта, бароятон саломатӣ ва комгориро таманно менамоям. Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа, идомадиҳандаи роҳи давлатдорӣ ва ояндаи дурахшони миллат ба ҳисоб мераванд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз ҷавонони тоҷик дар тамоми соҳаҳои рушди кишвар илму маориф, варзиш, фарҳанг, техника, соҳибкорӣ ва хизмати давлатӣ фаъолона саҳм гузошта, обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба маротиб баланд мебардоранд. Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид менамоянд, ки “Ҷавонон қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа ва такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд”. Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд. Ҳамин тариқ, ҷавононро мебояд амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари азизамон бошанд. Мавриди зикри хос аст, ки Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ҳамзамон Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9-уми феврали соли 2024 бори нахуст аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ дарк ва пазируфта шуда, бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шавад. Боиси сарфарозист, ки Созмони Милали Муттаҳид бо дарки ин қудрати бузург рӯзи 25-уми майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон дошта, он дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Футбол дар кишвари маҳбуби мо ба як ифтихори миллӣ табдил ёфтааст. Бояд қайд намуд, ки дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе футбол анъанаи дерина дошта, дар солҳои охир бо дастгирии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба зинаи нави рушд баромадааст. Хушбахтона дар мавсими нави футбол дастаи “Клуби футболи Шоҳмансур” ба Лигаи якум роҳхат гирифтааст. Боварии комил дорам, ки ҷавонони ноҳия ва кулли ҷавонони ватани азизамон минбаъд низ бо иродаи қавӣ, нангу номуси ватандорӣ ва заҳмати софдилона дар пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бори дигар ҳамаи ҷавонони сарбаланди ноҳия ва кулли мардуми шарифи диёрро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона табрик гуфта, бароятон зиндагии босаодат, рӯзгори обод, илму маърифати баланд ва муваффақиятҳои беназир орзу менамоям. Бигзор ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша парчамбардори сулҳу ваҳдат, созандагиву пешрафт ва ифтихори давлату миллат бошанд. Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак, ҳамватанони азиз!