Ҳамватанони азиз!
Сокинони шарафманди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе!
Бо камоли эҳтиром, ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо кулли мардуми шарифи кишварро ба муносибати бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям. Ба ҳар як хонадони шумо тансиҳативу хотирҷамъӣ, баракату рӯзгори обод ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ ва рушди рӯзафзун орзу менамоям.
Истиқлолияти давлатӣ, ки 9-уми сентябри соли 1991 ба мисли хуршеди умед ба фазои кишвари мо нур афшонд, бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик дар садсолаҳои охир мебошад. Ин ҳодисаи шарафбор орзуву армони деринаи ниёгони фарҳангдӯсти моро, ки асрҳо дар ниҳоди хеш парварида буданд, ҷомаи амал пӯшонд ва Тоҷикистонро дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил, соҳибихтиёр ва баробарҳуқуқ муаррифӣ сохт.
Сарнавишт ба дӯши мардуми мо озмоишҳои сахту сангинро гузошт. Дар марҳалаи аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба гирдоби низоъҳои дохилӣ афтода, хатари заволи давлатдорӣ ва парокандагии миллатро эҳсос кард.
Аммо бо инояти нек ва заковати баланд, хираду меҳанпарастии волои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин диёр сулҳу субот барқарор гашт. Бо роҳбарӣ ва садоқати беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани маҳбуби мо аз вартаи ҳалокат нигаҳ дошта шуд. Маҳз сиёсати сулҳҷӯёна, майли қавӣ ба ҳамдилӣ ва фидокориҳои абармардонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки оташи ҷанг хомӯш карда шуд, гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуданд ва таҳсутуни ваҳдати миллӣ гузошта шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти пурра ва аҳаммияти ҳаётан муҳими Истиқлолиятро чунин тафсир намудаанд:
«Истиқлол муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишони пойдорию бақои давлат мебошад. Истиқлоли давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард».
Дар ҳақиқат Истиқлолияти давлатӣҳамчун неъмати бебаҳои таърихӣ ва дастоварди бузурги миллати тоҷик, пояи асосии давлатдории навин ва рамзи ифтихору сарфарозии миллӣ ба шумор меравад. Тавре Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қайд намудаанд:
«Бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва эътирофи фидокориву хидматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, метавон бо ифтихор зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари ҷавони мо ба як давлати воқеан муосиру рушдёбанда табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои наҷибу башардӯстонаи худ мавқеи хосро соҳиб гардид».
Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо аз марҳалаи барқарорсозӣ ба давраи рушд қадам гузошт. Истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, сохтмони иншооти азими аср – НБО «Роғун», силсилаи неругоҳҳои хурд, нақбҳои азим ва роҳҳои сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистонро ба як шабакаи ягонаи нақлиётиву энергетикӣ табдил дода, транзити минтақавиро таъмин намуд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ соҳиби сиёсати мустақил ва пешбаранда мебошад. Тоҷикистон аъзои фаъоли созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, буда, бо беш аз 180 кишвари дунё муносибатҳои дипломатиро пайваста густариш медиҳад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти мамлакат дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо, иқлим ва сулҳ дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ чун давлати сулҳхоҳ, ташаббускор ва масъулиятшинос қарор дорад.
Сохтмони биноҳои муосири истиқоматӣ, мактабҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва боғҳои фарҳангӣ шаҳодати аёни файзу баракати истиқлолият дар ин гӯшаи Ватан мебошад.
Дар ин рӯзи ниҳоят муборак, изҳори боварӣ менамоям, ки ҳар як сокини бонангу номуси ноҳияи Шоҳмансур минбаъд низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии Ватани маҳбубамон саҳми шоистаи худро мегузорад.
Орзу мекунам, ки 35 соли Истиқлолият чун 35 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди ин сарзамин оташи меҳру ҳамдилиро фурӯзон нигоҳ дорад.
Бигзор, Истиқлолияти давлатии тоҷикон, ки пайки ҷовидонист, чун қуллаҳои сарбаланди кишварамон устувору поянда ва то абад бегазанд бошад!
Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!