15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

Муҳтарам варзишгарону собиқадорон ва дӯстдорони футбол! Бо эҳсоси баланди ифтихор ҳамаи Шуморо ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки ҳамасола мутобиқи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид 25 май таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям. Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамчун рамзи эътирофи нақши созандаи ин намуди варзиш дар таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии мардумони ҷаҳон аҳаммияти махсус дорад. Бозии футбол имрӯз ба мактаби тарбияи ирода, эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ ва василаи муҳими дӯстии миллатҳо дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Боиси ифтихор аст, ки дар Тоҷикистони азизамон футбол сол то сол рушд намуда, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ саҳми босазо мегузорад. Натиҷаҳои шоистаи футболбозони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногун далели равшани пешрафти устувори футболи миллӣ мебошанд. Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, дар натиҷаи амалисозии барномаҳои давлатӣ ва фаъолияти мунтазами Федератсияи футболи кишвар барои рушди инфрасохтори варзишӣ, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои ҷавонон тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд. Итминони комил дорем, ки бо саъю талоши муштарак футболи тоҷик беш аз пеш мавқеи худро дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ таҳким бахшида, боиси ифтихори миллати тоҷик хоҳад гардид. Дар ин рӯзи фархунда ба ҳамаи варзишгарон, мураббиён, кормандони соҳа ва ҳаводорони футбол саломатии бардавом, саодати зиндагӣ, рӯҳияи қавӣ ва пирӯзиҳои навро орзумандам. Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак, ҳамватанони азиз!