Паёми табрикии Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз
Ҳамдиёрони азизу арҷманд! Диёри маҳбубу босафои мо – Тоҷикистони соҳибистиқлолу ваҳдатошёнро боз фасли зебову гуворои сол - баҳори нозанин ба оғӯши гарму нарми хеш кашиду фархундаҷашни Наврӯзи оламафрӯз фаро расид. Акнун кишвари сулҳпарвару хуршедии мо боз ҳам пуршукуҳтару дилработар гаштаасту аз ҳама ҷо садои хушу дилнавоз, оҳанги нишоту шодмонӣ ба гӯш мерасад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки эҳтирому таваҷҷуҳи хоссаву ҳамешагӣ ба фарҳангу тамаддун, ба арзишҳои маънавии халқи азизамон доранд, дар иртибот ба аслу моҳият ва хилқати Наврӯз гуфтаанд: “Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигаҳдорандаи мардум, забон, расму оин, фарҳангу таърих ва ниҳоят, Ватан будааст”. Ҳамасола Пешвои муаззами миллат ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз аҳли кишварро бо камоли эътиқоду эҳтиром табрик мегӯянд ва изҳори таманниёти нек мекунанд. Сарвари кишвар батакрор таъкид менамоянд, ки Наврӯз ҷашни бостонист, асолати ориёӣ дорад ва бо таърихи миллат, орзуву ормонҳои мардумӣ ва маънавияти воло пайванди ҷовидонӣ пайдо кардааст. Ин ҳумоюнҷашн ҳамчун рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, рамзи эҳёи табиату тантанаи зебоӣ, рамзи фаровонию хайру баракат, рамзи бартарии дӯстию ваҳдату рафоқат, рамзи накукорию хайрхоҳӣ эътироф гардидааст. Наврӯз ҳамагонро ба иттиҳод меоварад, кинаҳоро аз дилҳо мерабояд ва рӯзгорони босафову дилрабо эҳдо мекунад. Наврӯз ҷашни покӣ, меҳрубонӣ ва дӯстӣ мебошад, ки ниёгони мо онро аз қаъри ҳазорсолаҳо ба мо мерос гузоштаанд. Дар ин иди бузург тамоми мардум ба якдигар сулҳу оштӣ, оромӣ ва бахту саодатро таманно намуда, кинаву адовати дар дил бударо, аз дилҳо дур менамоянд ва бо ҳам оштӣ мекунанд. Тавре ки Сарвари дапвлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст”. Истиқлоли давлатии Тоҷикистон марҳалаи наву фараҳбореро дар таърихи Наврӯз ифтитоҳ бахшид ва ба таҷлили бештар пуршукуҳу оммавии он мусоидат кард. Гузашта аз ин, Наврӯз ба як рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ табдил ёфту шиносномаи миллат гашт. Дар ин давра ҳодисаи мондагору пурфурӯғе дар ҳошияи ин ҷашни фархунда ба вуқуъ пайваст: бо қарори махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз ба феҳристи арзишмандтарин мероси фарҳангии башарият ворид карда шуд ва 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Мо, тоҷикон ифтихор аз он дорем, ки барои чунин мақому эътибор ва эътирофи баланд дарёфтани Наврӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи устувор ва талошҳои пайгиронаи худ ҳиссаи сазовор гузоштанд. Соҳиби мақоми олӣ гардидани Наврӯзро Сарвари кишвар чунин шарҳ додаанд: “Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст”. Акнун солҳост, ки Наврӯзи оламафрӯзи мо дар паҳнои ҷаҳон барои тақвияти ҳусни тафоҳуми байни миллатҳову давлатҳо, таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди робитаҳои фарҳангӣ ва пешрафти тамаддуни башарӣ хидмати барҷаставу файзбор мекунад. Яке аз анъанаҳои дерину хушоянд вобаста ба ҷашни Наврӯз ибрози таманниёти нек аст. Мо халқи тоҷик хушбахттарин халқ ҳастем. Хушбахтии мо дар он зоҳир меёбад, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз тамоми ҳалқҳои ҷаҳон ҳамдигарро бо ибораи гуворо тоҷикии “Наврӯз муборак!” табрику муборакбод менамоянд. Ҳамбаста ба ин, таманно дорем, ки зиндагиатон ҳамеша пурнишоту самарбор бошад, кулли мушкилии мавҷуда тадриҷан бартараф шаванд, руҳияи ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва бунёдкорию созандагии аҳли мамлакат боз ҳам боло равад, рӯзгоронамонро ҳамеша хайру баракат, шодию фараҳ ва дӯстию ҳамдилӣ фарогир бошад. Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак бод!