Паёми табрикии Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо ба муносибати иди сайиди Фитр
Паёми табрикии Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо ба муносибати иди сайиди Фитр
Ҳамватанони гиромӣ!
Сокинони шарафманди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри
Душанбе!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди сайиди Фитр аз номи Мақомоти иҷроияи ҷокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори ободу осуда ва хушбахтию саодатмандӣ орзумандам.
Бояд гуфт, ки мардуми сарбаланди тоҷик дар моҳи шарифи Рамазон, кӯшиш мекунанд, ки фазилатҳои инсонгароӣ, хайру саховатро бештар роҳандозӣ намоянд. Дар рӯзҳои мубораки ин моҳ аз аъмоли зишт худдорӣ намуда, ба аёдати падарону модар рафтан ва дасти кумак дароз кардан ба ашхоси ниёзманд, ятиму бепарасторон аз ҷумлаи хислатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад. Мо бояд саъйу кӯшиш намоем, дар рӯзҳои арафа ба ниёзмандон, дасти кумак дароз намуда, корҳои хайр бештар анҷом диҳем. Зеро ба сомон расондани чунин аъмоли нек дар байни мардум аз зумраи ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, пайваста моро водор месозад, ки дар кори хайр саҳмгузор бошем.
Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати иди сайиди Фитр таъкид намудаанд, “Агар садақаи Фитр мувофиқи таъиноти воқеии худ, яъне ба ятимону маъюбон, беморон, оилаҳои камбизоату бесаробон ва дигар шахсони ниёзманд бо эҳсоси сидқу меҳрубонӣ анҷом дода шавад, савоби бештар дорад ва ин амал, бешубҳа, ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати милливу эътиқодӣ ва суботу оромӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад”.
Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарвар вазифадор аст, ки дар ин рӯзи сайид садақаи фитрро ҷамъоварӣ намуда, ба ниёзмадон кумакҳои моддӣ расонад, инчунин дар пешгирии исрофкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ва оростани дастурхони маънавӣ ва хоксорона дар рӯзи ид саҳмгузор бошад.
Бори дигар ҳамаи шумо – сокинони шарафманди ноҳия ва кулли ҳамватанонро ба муносибати иди сайиди Фитр табрику муборакбод гуфта, бароятон хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Иди сайиди Фитр муборак!