Паёми табрикии Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе
Ҳамватанони гиромӣ! Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми сокинони пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе самимона табрику таҳният мегӯям. Шаҳри Душанбе на танҳо бо табиати дилрабою мардумони шоистааш шуҳрат дорад, балки чун шаҳри сиёсатмадорони бузург, донишмандону соҳибназарон ва суханварон дар радифи бузургтарин шаҳрҳои олам маъруфият пайдо кардааст. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, “Агар ҳар як фард бо номи падару модар ва гузаштагони бошарафи худ ифтихор кунад, ҳар як сокини Тоҷикистон ҳуқуқи комили маънавии ифтихор кардан аз Ватани азизи худ ва пойтахти он шаҳри Душанберо дорад. Зеро Душанбе гаҳвораи ташаккул ва эҳёи миллати тоҷик, меҳвари орзую умеди тамоми тоҷикон ва тоҷикистониён мебошад”. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз сайёҳону меҳмонони хориҷӣ Душанберо шаҳри ҷавонӣ ва яке аз зеботарину сарсабзтарин шаҳрҳои ҷаҳон номида, ба табиати назаррабо, манзараҳои дилфиреб, мардуми бофарҳангу наҷиб ва раванди корҳои ободонию созандагии он баҳои баланд медиҳанд. Имрӯз мардуми кишвар ва бахусус сокинони шаҳри Душанберо дигаргуниҳои куллии ин шаҳри азим, биноҳои баландошёнаи бо усули миллӣ бунёдшуда, гулгашту хиёбонҳои диданӣ, маҷмааҳои варзишӣ, сохтмони эстакада ва дигар тадбирҳои ободонӣ, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббусу кордонии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо санъати баланди меъмории миллӣ амалӣ гардида истодаанд, ба ояндаи дурахшон боз ҳам дилпуртар месозад. Итминони комил дорам, ки дар партави сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор пешвоз гирифтан аз ҷашни бошукуҳи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастовардҳо шаҳри дилрабою ҳамешаҷавонамон Душанберо ба қуллаҳои боз ҳам баланди рушду шукуфоӣ мерасонад. Пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мебошад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангии сарзамини аҷдодӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари сарсабзест дар домони кӯҳҳои сарбафалак. Давлатест, ки бо доштани маконҳои дилфиребу дилнишин ва назаррабо таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст. Ҳамчунин бо доштани табиати нотакрор ба оламиён маҳбубу маъруф гардидааст. Ҳамин аст, ки давлату Ҳукумати мамлакат ба масъалаи сайёҳӣ ва рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса дода, дар шаҳру навоҳии мамлакат барои сайру саёҳати меҳмонони дохиливу хориҷӣ шароит фароҳам месозад, зеро инкишофи соҳаи сайёҳӣ иқтисодиёти Тоҷикистонро рушд дода, барои баланд бардоштани нуфузу эътибори мамлакат ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Тайи чанд соли охир пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе симои худро куллан тағйир дода, ба шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст. Дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он Душанбе ҳамчун ҷавонтарин шаҳри зебо, ободу осуда муаррифӣ гашта, ба маркази баргузории конгрессу симпозиум, конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мубаддал гаштааст. Ободониҳое, ки имрӯз дар пойтахти Ватани азизамон шуда истодаанд, албатта, ба сатҳи маънавиёти ҷомеа, ахлоқу рафтори сокинон ва фарҳанги шаҳрдорӣ бетаъсир намемонад. Хушбахтона мо ба ин восита Душанбеи хешро ба шаҳри хирад, шаҳри дилбедорон табдил дода, орзуи деринаи гузаштагонамонро амалӣ гардонида истодаем. Бо ҳамин таманниёт бори дигар Рӯзи пойтахтро табрику муборакбод гуфта, дар амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нек муваффақияту дастовардҳои беназир таманно менамоям. Сарбаланду хонаобод ва муваффақ бошед!