Дар ҳақиқат мақомоти амнияти миллӣ ҳамчун яке аз ниҳодҳои қавию боэътимоди мамлакат дар таҳкиму устувории давлатдории навини мо ҷойгоҳу мақоми хос дошта, ба туфайли матонату садоқати бепоён нисбат ба арзишҳои миллию давлатӣ ва заковату малакаи баланди корӣ кормандони соҳа дар таъмини амният ва субот дар саросари кишварамон ва ҳифзу ҳимояи манфиатҳои давлату миллат саҳми арзишманд мегузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли ихлосмандӣ ба хизматҳои шарафмандонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла мақомоти амнияти миллӣ ишора намуда, нақши хоссаи Шуморо дар таъмини ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон, ошкору пешгирии ҷиноятҳои хавфноки муосир аз қабили терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва муташаккили фаромиллӣ зикр менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки Шумо – кормандони шарафманди шуъбаи ноҳиявии дар Шоҳмансурбудаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини амнияти давлату ҷамъият, зиндагии орому осоиштаи сокинон, пойдории адолати иҷтимоӣ ва ҳифзу ҳимояи манфиати шаҳрвандон тадбирҳои судманд андешида, баҳри тарбия намудани насли ҷавону солими ҷомеа дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва таҳкими пояҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ҳиссаи сазовори хешро гузошта истодаед.
Итминони комил дорем, ки Шумо - кормандони мақомоти амнияти миллии ноҳия дар ин ҷода фаъолияти хешро боз ҳам тақвият бахшида, минбаъд низ баҳри амалӣ намудани рисолати муқаддаси хеш баҳри таъмини ҳаёти ободу осоиштаи шаҳрвандон мусоидат хоҳед намуд.
Бори дигар Шуморо бо иди касбиатон – Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, барору комёбиҳои хизматӣ таманно менамоем.