15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Паёми табрикотӣ аз номи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Сафар Маҳмадшо ба муносибати 32-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони арҷманд ва сокинони сарбаланди ноҳияи Шоҳмансур!
Ҷашни фархундаи 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қалби маънавии ҷомеа ва умуми мардуми шарифи ноҳия самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки шумо танисиҳатӣ, сарбаландӣ ва комгорӣ таманно менамоям.
Дар масири рушди давлатдории навин, зери сояи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 6 ноябри соли 1994 дар фазои мураккабу ҳассоси сиёсӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ пазируфта шуд.
Ин санади олии дорои қувваи олии юридикӣ ва тақдирсоз ҳамчун аркони бунёдии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ташаккулёбии низоми муосири ҳокимияти давлатиро муайян намуда, кафолати бечунучарои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба таври устувор таъмин кард. Дар пайравии ин сиёсати бунёдкорона, бо ташаббусу иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ дар пойтахти кишвар – шаҳри зебоманзари Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур корҳои бузурги ободониву созандагӣ амалӣ гардида, шароити зиндагии шоистаи сокинон рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Маҳз дар партави татбиқи пайгиронаи меъёрҳои бунёдии ин санади сарнавиштсоз, сулҳу суботи ҷовидона, ваҳдати миллии пойдор ва суръати рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвари азизамон таъмин гардид. Имрӯз низ таҳкими волоияти қонун, риояи ҳатмии талаботи меъёрҳои конститутсионӣ ва боло бардоштани савияи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз авлавиятҳои калидии сиёсати давлатӣ ба шумор мераванд. Зеро эҳтиром ба Конститутсия ва иҷрои содиқонаи он шоҳроҳи расидан ба адолати иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навин аст.
Бинобар ин, қарзи шаҳрвандӣ ва масъулияти ватандӯстонаи ҳар яки мо тақозо менамояд, ки бо такя ба ҳисси баланди ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои конститутсионӣ, тамоми қувва, донишу таҷриба ва малакаи касбии худро баҳри таҳкими қонуният, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол сафарбар намоем.
Бори дигар, кулли сокинони бонангу номуси ноҳияи Шоҳмансурро ба ин санаи фархунда муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар як ҳамватани азиз файзу баракат, сулҳи поянда ва ба Ватани маҳбубамон шукуфоии бардавом орзу дорам.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!