15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони гиромӣ!
Сокинони меҳанпарвари пойтахт!
Бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки 27 июн дар саросари мамалакат ҷашн гирифта мешавад, самимона муборакбод мегӯям.
Ин санаи муҳиму таърихӣ таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти бузурги шаҳрвандон дар роҳи ҳифз ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.
Маврид ба зикри хос аст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таъмини сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ бо талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии мардуми сарбаланди кишвар ба даст омадааст.
Маҳз ҳамин арзишҳо барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амалисозииҳадафҳои стратегии кишвар заминаи боэътимод фароҳам оварда, Тоҷикистонро ба сӯи рушду созандагии пайваста раҳнамун месозанд.
Дар шароити тағйирёбии босуръати равандҳои ҷаҳонӣ ҳифзи фазои эътимод, таҳкими субот ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ аҳамияти бештар пайдо карда, ваҳдати миллӣ ҳамчун омили пешбарандаи ташаббусҳои созанда, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва рушди тафаккури миллӣ хизмат менамояд.
Моро зарур аст, ки бо заҳмати содиқона, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои миллӣ барои ободии Ватан ва беҳбудии зиндагии мардум саҳмиарзандаи худро гузорем.
Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар як хонадони тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзиамон осоиши зиндагӣ, тандурустӣ ва файзу баракат орзу намуда, ба Тоҷикистони азиз сулҳи пойдор, пешрафти босубот ва фардои дурахшонро таманно дорам.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бошад!