15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Ҳамватанони азиз! Собиқадарони арҷманд! Бо эҳсоси ифтихормандӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 9 май самимона табрик менамоям. Ин санаи таърихӣ рамзи пирӯзии иродаи қавӣ, ваҳдат ва ҷоннисории халқҳои сулҳхоҳи дунё дар муборизаи муштарак бар зидди фашизм буда, дар саҳифаҳои таърихи башарият абадан сабт гардидааст. Мо бо эҳтироми бузург хотираи неки онҳоеро, ки барои ҳифзи сулҳ ва озодӣ дар саросари олам ҷони худро нисор намуданд, гиромӣ медорем. Саҳми фарзандони Тоҷикистон дар таъмини Ғалабаи бузург шоистаи ифтихор аст. Ҷасорату матонати онҳо барои наслҳои имрӯз ва фардо ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ ва садоқат боқӣ мемонад. Имрӯз низ дар партави сиёсати сулҳофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миллати сулҳпарвари тоҷик бо руҳияи волои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ парчами амну осоишро барафрохта, ҳамчун таблиғгари арзишҳои инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ ба аҳли башар хизмат менамояд. Дар шароити ҷаҳони пуртазод тарбияи насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба таъриху арзишҳои умумибашарӣ, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафту шукуфоии Ватан яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Бо ибрози ниятҳои нек, кулли ҳамдиёрону ҳамватанони бурунмарзиамонро бо Рӯзи Ғалаба таҳният гуфта, ба Тоҷикистони азизамон амну осоиши пояндаро орзу менамоям. Рӯзи Зафар муборак, ҳамватанони гиромӣ!