Пешвои миллат - абармарди сиёсат намунаи олии ибрати ҳамагон ва Пешвои сулҳофари на танҳо Тоҷикистон, балки шӯҳратёри рӯйи дунё гаштааст. Президенти мамлакат қаҳрамони ҳазорасраи мо хоҳад буд, зеро Ватани аҷдодиро аз вартаи нестӣ ба куллӣ раҳо намуд. Боиси хушнудист, ки тӯли 35 соли Истиқлолияти тозабунёди мо зери роҳбарии ин марди хирад Тоҷикистон ба яке аз амнтарин кишварҳои рӯйи дунё эътироф гаштааст. Қабул намудани пешниҳоду барномаҳои сатҳашон байналмилалӣ, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар Созмони миллали муттаҳид баррасӣ мешаванд далели гуфтаҳои болост. Имрӯз ҷаҳон орзуи доштани чунин Пешворо мекунад. Пешвое, ки Шоҳаншоҳи даврон аст.
Ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон ҳамоишу ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик дар тӯли асрҳо мебошад. Гарчанде ки ҳамаи ин чорабиниҳо барои шинохт ва асолати миллат ҷойгоҳи махсуси худро доранд, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин миён ба худ мақоми махсусро касб кардааст. Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Дар баробари дастгирии кулли қишри ҷомеа ҷавонон ҷойгоҳи худро дошт ва дорад. Дар тамоми суҳбату вохуриҳояшон Пешвои муаззами миллат ҷавонони соҳибистеъдоду забондонро ҳамеша барои давом додани кору пайкори бузургон даъват намуда, ба онҳо боварии дигар доранд. Бояд қайд намуд, ки эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” дастоварди беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар буд. Ҳамчунин, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки намунаи олии эҳтиром ва эътимоди Сарвари давлат ба ҷавонон буда, аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад. Иқдоми мазкур бори дигар собит месозад, ки Президенти кишвар дар таҳкими бунёди сиёсати давлатдорӣ ва эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои ҳадафноки ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуда аст. Тавре Пешвои миллат қайд намудаанд: “Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.”
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шудааст.
Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт. Овардани зиёда аз як миллион гурезае, ки тарки ватан карданд кори саҳлу осон набуд. Бахусус, барои Президенти тозаинтихоб. Ин ҳама ҷонбозиву қаҳрамониҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон барои ин миллату халқ кардааст, ҳазорсолаҳо бо ҳарфҳои заррин дар хотираи таърихи давлатдории мо тоҷикон сабт хоҳад шуд. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати ин абармарди таърих кору фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми имконот истифода намоем.
Бо рӯзи Президент кулли мардуми кишвари азизамонро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо,гулгулшукуфоии ҷовидона ва ба Пешвои муаззами миллатамон саломатии бардавомро таманно менамоям. Бигзор, хуршеди озодиву Истиқлолият ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон Тоҷикистон то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад!