Дар оғози мулоқот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи соҳаи металлургияи сиёҳ дар минтақа ва ҷаҳон, имрӯзу ояндаи ин соҳа дар Тоҷикистон, нақшаҳои бунёдкории Комбинати металлургии тоҷик ва саҳмгузории он дар рушди иқтисоди миллии кишвар гузориш дода шуд. Тавре зикр гардид, бо татбиқи нақшаҳои кунунӣ ва ояндаи ин комбинат доир ба сохтмони корхонаҳои металлургӣ, семент, оҳак, шиша, кошину серанит ва дигар масолеҳи сохтмонию саноатӣ нақши ин гурӯҳи соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ дар рушди низоми истеҳсолоти ивазкунандаи воридот дар Тоҷикистон ва густариши иқтидори содиротии он барҷаста хоҳад буд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба сохтмони яке аз муҳимтарин иншооти саноатии кишвар - корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани Ҷамъияти саҳомии “Комбинати металлургии Тоҷик” иброз доштанд, ки бунёди ин иншоот сохтмони танҳо як корхона нест, балки оғози марҳалаи нави рушди саноати маъдан ва гузоштани заминаи металлургияи миллии Тоҷикистон мебошад. Сарвари давлат металлургияи сиёҳро дар рушду пешрафти соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёт, энергетика, инчунин, рушди инфрасохтори логистика ва боркашонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.