Пойтахт — маркази рушд ва ифтихори миллат
Пойтахт ҳамчун қалби ҳар як давлат нақши бисёр муҳим дорад. Он на танҳо маркази сиёсиву маъмурӣ, балки макони рушди иқтисод, фарҳанг, илму маориф ва тамаддуни миллат мебошад. Дар Душанбе — пойтахти Тоҷикистони азиз, ҳамаи ин арзишҳо бо ҳам омезиш ёфта, симои зебо ва муосири шаҳрро ба вуҷуд овардаанд. Рӯзи пойтахт ҷашни муҳиму фараҳбахш аст, ки ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин рӯз барои ҳар як сокини шаҳр ва тамоми шаҳрвандони кишвар рамзи ваҳдат, пешрафт ва ифтихори миллӣ мебошад. Дар ин рӯз кӯчаю хиёбонҳо ороста мешаванд, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд ва дастовардҳои шаҳр ба намоиш гузошта мешаванд. Шаҳри Душанбе дар солҳои охир бо ташаббус ва сиёсати созандаи Эмомалӣ Раҳмон ба як маркази замонавии зебо табдил ёфтааст. Бунёди роҳҳои васеъ, биноҳои баландошёна, боғҳои сабзу хуррам ва иншооти фарҳангиву варзишӣ шаҳодати рушду пешрафти пойтахт мебошанд. Вахте, ки мо ҳамарӯза дар кӯчаҳои он қадам мегузорем , гулгашту хиёбонҳои шукуфон он ба дили мо шодию фараҳ мебахшад.Мардуми шаҳр пайваста барои ободии шаҳр тозагии он кӯшиш мекунанд. Ҳар сол барои боз ҳам зеботару дилчасптар намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр , дар фасли баҳорон ниҳолу дарахтони ороишӣ , гулҳои рангоранг мешинонанд. Шукронаи ваҳдат ва тинҷию оромӣ , ки Душанбе рӯз то рӯз симои худро дигар мекунад. Душанберо барҳақ шаҳри ҷавонӣ меноманд , зеро ин шаҳр маҳз бо дасти ҷавонони боору номуси халқи тоҷик бунёд гардидааст. Имрӯз Душанбе на танҳо маркази кишвар, балки макони баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ низ мебошад. Меҳмонони хориҷӣ аз зебоӣ, тозагӣ ва меҳмоннавозии мардуми он ба ваҷд меоянд. Ин ҳама нишонаи фарҳанги баланди сокинон ва эҳсоси масъулияти онҳо нисбат ба шаҳри худ аст. Рӯзи пойтахт моро водор месозад, ки барои ободиву пешрафти шаҳр бештар саҳм гузорем. Ҳар як шаҳрванди бо нангу номус бояд барои тозагӣ, тартибот ва ҳифзи муҳити зисти пойтахт кӯшиш намояд. Хулоса, пойтахт — ифтихори миллат ва оинаи давлат аст. Бигзор шаҳри азизи мо — Душанбе ҳамеша ободу зебо, пурнур ва шукуфон боқӣ монад! Рӯзи пойтахт муборак! Аҷаб шаҳри дилорои, Душанбе, Хаёлам, зеби дунёи, Душанбе. Шудам сарсабз дар оғӯши меҳрат, Чу дил дар синаам ҷойи, Душанбе. Фарида АЛИЗОДА, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе