ПОЙТАХТ ОИНАИ ДАВЛАТ ВА МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ АСТ.
Пойтахт оинаи давлат муаррифгари миллат аст ва маданияту маърифати миллатро низ дар пойтахти он мушоҳида кардан мумкин аст. Оре, ҳар як давлатро аз пойтахташ дида, баҳо медиҳанд. Душанбе ҳануз як қарн пеш, яъне соли 1924 рисолати пойтахтро дар худ касб намудааст. Албатта, ки аз таърихи гузаштаи тоҷикон маълум аст, ки тоҷикон аз азал ҳамчун миллати донишманду китобдор ва соҳибдавлату шаҳрдору шаҳрсоз буданду ҳастанд ва ҳамеша пойтахтро маркази илму ирфон макони баргузории чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ қарор дода, дар назди дигар халқиятҳо нишон додаанд. Гарчанде дар раванди тақсимоти ҳудудии давлатҳои Осиёи Миёна соли 1924 ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст ва дар асл тибқи таҳқиқоти бостоншиносон шаҳри Душанбе таърихи беш аз 2400-сола дорад, ки далели ин гуфтаҳо бозёфтҳои бостоншиносон дар ҳудуди шаҳри Душанбе аст. Шаҳри Душанбе - пойтахти ватани азизамон яке аз пойтахтҳои тараққикардаи Осиёи Миёна ба шумор рафта, ҳамчун шаҳри сулҳ дар тамоми дунё шинохта шудааст. Албатта, дар замони соҳибистиқлолии ватани азизамон бо ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани азизамон – шаҳри Душанбе макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ – адабии сатҳи байналмилалӣ гаштааст, ки ин шаҳодат аз ворисони асили нобиғагони миллати тоҷик, Абуалӣ ибни Сино, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ал – Хоразмӣ, Абурайҳони Берунӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ ва садҳову ҳазорҳо амсоли инҳо нобиғагони нотакрор будани насли навро фаҳмонида, соҳибдавлату соҳибпойтахту тамаддундор будани тоҷиконро далел аст. Дар солҳои соҳибистиқлолии ватани азизамон пойтахти давлатамон – шаҳри Душанбе симои зоҳирии худро ба куллӣ дигар карда, ба макони сайру тамошо ва фароғат табдил гаштааст, бахусус дар солҳои охир рӯз то рӯз ободу зебо гардида истодааст. Душанбе макони илму ирфон, хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон, шаҳри ормонҳо, шаҳри гулҳо, шаҳри сулҳ, макони тамошои ҳазорҳо одамони дохил ва хориҷи кишвар ва қалби Тоҷикистони азиз аст. Зебову дилоро ва тамошобоб гаштани пойтахти азизамон шаҳри Душанберо на танҳо мо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки хориҷиёне, ки ба ватани мо ташриф меоранд, бо як ҳиссиёту ҳаяҷон ва хушҳолӣ оид ба зебогиву дилрабо ва оромию осоиштагӣ ибрози андеша намуда, ба дигарон, сайёҳон низ барои тамошо ва истироҳат омадан ба шаҳри Душанберо тавсеа медиҳанд. Муҳаммадҷон ШАРИФЗОДА, мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе