Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб хабар доданд.
Ин китоб тавассути Муассисаи нашриявии «Ирфон» бо таъдоди 7 ҳазор нусха нашр гардида, саҳифаҳои заррини марҳалаи фаъолияти бунёдкоронаву созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маҷмуи маърузаву суханрониҳои Раиси ҳизбро дар анҷуманҳо ва маҷлисҳои ҳизбӣ фаро гирифтааст.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода гуфт, ки бо мутолиаи ин китоб мо шоҳиди роҳи пешрафти Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ мегардем. Ин роҳ роҳи талошу заҳматҳо барои таҳкими сулҳу ваҳдат, пешрафту тараққӣ ва фазои мусоиди зиндагии шоиста барои мардуми Тоҷикистон аст.
Дар ин давра Тоҷикистон маъракаҳои муҳими сиёсӣ: раъйпурсии умумихалқӣ, интихоботи президентӣ, интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳои деҳотро баргузор намуд.
Дар ҳамаи ин маъракаҳои сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва ҳизби пешсаф буд.
Муҳтавои китоб собитгари он аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби зодаи истиқлол дар ҳама рӯйдоду падидаҳои фараҳбахши замони соҳибихтиёрии мамлакат нақши муассир ва мондагор дорад. Мазмуну идеяҳои ин китоб роҳи минбаъдаи фаъолияти ҳизбро барои давраҳои минбаъда мушаххас менамоянд.