РӮЗИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ СПИТАМЕНИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Имрӯз бо мақсади муаррифии таъриху фарҳанг, расму оинҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар боғи фарҳангӣ-фароғатии “Низомиддин Алишери Навоӣ”-и шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳангии ноҳияи Спитамен бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷуразода, Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аҳли фарҳангу адаб, фаъолон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд. Пеш аз оғози қисми тантанавӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ноҳияи Спитамен дидан намуда, бо маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намунаҳои ҳунармандӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш ва фарҳанги шаҳр аз наздик шинос шуданд. Ба меҳмонон оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва рушду пешрафти ноҳияи Спитамен маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Зимни суханрониҳо қайд гардид, ки марказҳои муҳими таърихию фарҳангии мамлакат имрӯз бо дастгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тамоми самтҳо рушд намуда, баҳри ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Инчунин зикр гардид, ки ташкил ва баргузории рӯзҳои фарҳангиро омили таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ байни минтақаҳои кишвар мебошад. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Спитамен бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишини ватандӯстона, рақсу саҳначаҳои ҷолиб ва барномаҳои рангини консертӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.