РӮЗИ ФАРҲАНГИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Имрӯз бо мақсади муаррифии таъриху фарҳанг, расму оинҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат дар боғи фарҳангӣ-фароғатии “Низомиддин Алишери Навоӣ”-и шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳангии шаҳри Ваҳдат бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо, муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин, Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, аҳли фарҳангу адаб, фаъолон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд. Пеш аз оғози қисми тантанавӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳои шаҳри Ваҳдат дидан намуда, бо маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намунаҳои ҳунармандӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш ва фарҳанги шаҳр аз наздик шинос шуданд. Ба меҳмонон оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва рушду пешрафти шаҳри Ваҳдат маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Зимни суханрониҳо қайд гардид, ки марказҳои муҳими таърихию фарҳангии мамлакат имрӯз бо сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тамоми самтҳо рушд намуда, баҳри ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Инчунин зикр гардид, ки ташкил ва баргузории рӯзҳои фарҳангиро омили таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ байни минтақаҳои кишвар мебошад. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ваҳдат бо барномаи хотирмони консертӣ, пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишини ватандӯстона, рақсҳои ҷолибу хотирмон табъи ҳозиринро болида гардониданд.