15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ, СУБОТ ВА МАСЪУЛИЯТ ДАР НАЗДИ ТАЪРИХ

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи санаҳои муҳими таърихию сиёсӣ ба шумор рафта, дар таҷрибаи давлатдории миллии мо ҷойгоҳи хосса дорад. Ин сана на танҳо як ҷашни давлатӣ, балки фурсати муносиб барои бознигарии роҳи тайкардаи давлат, таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият ва дарки масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан мебошад.
16 ноябри соли 1994 дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳим ба вуқӯъ пайваст: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганди садоқат ба халқу Ватан ёд намуда, расман ба иҷрои вазифаи Сарвари давлат шурӯъ карданд. Ин сана бо марҳилаи муҳими ташаккули низоми конститутсионӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад.
Дар шароити мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва фароҳам овардани заминаҳои рушди минбаъдаи кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа дошт. Раванди таърихии ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон нишон дод, ки сулҳу ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва эҳтиром ба қонун аз муҳимтарин омилҳои пешрафти ҷомеа мебошанд.
Дар ин замина, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, ки ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳаввулоти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, рушди маорифу тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими мақоми давлат дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.
Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ баланд бардоштани мақому манзалати зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъоли ӯ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад.
Дар ин раванд масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ муайян гардидааст.
Қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар ин самт аҳаммияти махсус дошта, барои тақвияти заминаҳои ҳуқуқию ташкилии иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлатӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Баъдан, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023–2030 заминаҳои амалии ин равандро боз ҳам тақвият бахшиданд.
Ин санадҳо ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, дастгирии ташаббусҳои занон, фароҳам овардани имкониятҳои нави касбӣ ва ҷалби бештари онҳо ба идоракунии давлатӣ равона гардидаанд.
Имрӯз иштироки занон дар сохторҳои давлатӣ, мақомоти намояндагӣ, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, фарҳанг ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Махсусан, масъалаи омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд аҳаммияти стратегӣ дорад. Зеро ҷомеаи муосир ба мутахассисони соҳибмаърифат, дорои ҷаҳонбинии васеъ, малакаи баланди касбӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ниёз дорад.
Дастгирии духтарони болаёқат, фароҳам овардани шароит барои таҳсил, такмили ихтисос, азхуд намудани касбу ҳунар ва ҷалби онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда бояд ҳамчун сармоягузорӣ ба ояндаи давлату миллат арзёбӣ гардад.
Дар баробари баланд бардоштани мақоми зан, таҳкими ниҳоди оила, тарбияи насли наврас ва ҷавонон, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ низ аз масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат мебошанд.
Оила ҳамчун ниҳоди муқаддаси ҷомеа дар ташаккули шахсият, тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандӣ нақши калидӣ дорад.
Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию оилавии шаҳрвандон, пешгирии хушунату зӯроварӣ дар оила, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон ва тақвияти масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон бояд дар маркази таваҷҷуҳи сохторҳои дахлдор қарор дошта бошад.
Қабули Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2030 низ ба зарурати тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оила дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила равона гардидааст.
Зеро ҷомеаи солим аз оилаи солим оғоз меёбад ва оилаи солим дар заминаи маърифат, эҳтироми ҳамдигар, масъулият ва риояи қонун ташаккул меёбад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон моро ба дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба Конститутсия, қонунҳо ва арзишҳои давлатдории миллӣ ҳидоят менамояд.
Имрӯз вазифаи ҳар як корманди мақомоти давлатӣ, омӯзгор, табиб, олим, соҳибкор, модар ва ҷавон аз он иборат аст, ки бо меҳнати содиқона, фаъолияти созанда ва ҳисси баланди масъулият дар пешрафти Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорад.
Махсусан, занону модарони тоҷик, ки дар баробари масъулияти оиладорӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолият доранд, дар тарбияи насли ватандӯсту худшинос, таҳкими фарҳанги миллӣ ва пешбурди корҳои созандагӣ нақши муассир мегузоранд.
Дар ин замина, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи фарҳангу анъанаҳои неки аҷдодӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ вазифаи муҳимми ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад.
Ҳар як дастоварди соҳаҳои гуногун, ҳар як ташаббуси созанда, ҳар як қадами устувор дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими имкониятҳои занону ҷавонон дар маҷмӯъ ба рушди давлат ва ояндаи устувори ҷомеа мусоидат менамояд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба эҳтироми таърихи давлатдорӣ, қадршиносии истиқлолият, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва масъулият дар назди наслҳои оянда раҳнамун месозад.
Мо бояд ин санаи таърихиро ҳамчун фурсати муҳимми таҳкими худшиносӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти саҳми ҳар як шаҳрванд дар ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол истиқбол намоем.
Зеро ояндаи давлат аз масъулияти имрӯзаи мо, аз сатҳи маърифати ҷомеа, тарбияи насли наврас, иқтидори кадрӣ ва талошҳои созандаи ҳар як шаҳрванди кишвар вобастагии амиқ дорад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Муборак Бадалова
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур