Бояд қайд намуд, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар гувоҳи рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад. Рақаму далелҳое, ки дар Паёми Сарвари давлат ироа гардид, нишондиҳандаи амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ ва ба зиндагии шоиста расидани мардуми кишвар маҳсуб меёбад. Аз Паёми Сарвари давлат барои мо маълум гардид, ки дар даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро фаро мегиранд, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш дар амал татбиқ карда шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки барои ноил гардидан ба афзалиятҳои рушд амалисозии саривақтӣ ва пурраи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030-ро таъмин намоянд.
Дар баробари ин иброз шуд, ки айни замон дар самти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону азнавсозии иншооти энергетикиву нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.
Маълум гардид, ки соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Пешвои миллат дастур доданд, ки дар ин раванд ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.
Хадамоти алоқа вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», ҳамчунин, дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии кишвар лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Ҳамчунин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор шуданд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем.
Дар робита ба ин Сарвари давлат мисол оварданд, ки: “Дар солҳои гузашта, яъне то ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳисоб ва пардохти неруи барқ – низоми рақамии биллингӣ дар ҳисоботи шабакаҳои барқ 30 – 40 фоизи аҳолӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро пардохт намекард. Баъд аз ҷорӣ шудани низоми нави биллингӣ 100 фоизи аҳолӣ ҳамчун пурра пардохткунандаи ҳаққи истифодаи неруи барқ ба ҳисоб гирифта мешавад”.
Рақамҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки қаблан таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ё сӯйистифода аз мансаб аз тарафи баъзе кормандони соҳа пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси неруи барқ ба таври сунъӣ ба зиммаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарандагони неруи барқ гузаронида мешуд.
Иброз шуд, ки танҳо дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар 11 моҳи соли равон талафот 13 фоизро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 7 банди фоизӣ кам мебошад.
Дар моҳи октябри соли ҷорӣ сатҳи талафот дар шаҳри Душанбе то 5,1 фоиз аз 15,1 фоизи октябри соли 2024, яъне 10 банди фоизӣ кам карда шуд. Талафоти неруи барқ дар кишвар дар 11 моҳи соли ҷорӣ 3 миллиард киловатт – соатро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 миллион киловатт – соат кам шудааст.
Ҳамчунин, беш аз 100 ҳазор муштариёни нав ба қайд гирифта шуда, ба низоми энергетикӣ якуним миллиард сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Талафот дар шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз 20 ба 13 фоиз ва дар моҳи октябр то 5 фоиз кам шудааст. Дар робита ба ин Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Кумитаи андоз вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати гузариши пурра ба раванди рақамии идораи молияи давлатӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, корбарӣ намоянд.
Сарвраи давлат таъкид намуданд, ки пурра ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошад.
Ҳамин тавр, ҳамаи пешравиҳо ва заминаҳои рушди босуботи соҳаи иқтисоди кишвар пеш аз ҳама аз сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат маншаъ мегирад. Сиёсати дурандешонаи иқтисодии Сарвари давлат имкон дод, ки Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон роҳи мустақим ва манфиатноки муносибатҳои иқтисодиро дар сатҳи лозима пеш гирад. Имрӯз фазои Тоҷикистон дар заминаи сулҳу субот боварӣ ва эътимоди ҷомеаи ҷаҳониро таҳким бахшида, ин аз ҳама ҷиҳат ба суръати рушди устувори иқтисоди кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Дар заминаи амалӣ гардидани Барнома ва Стратегияҳои давлатӣ ҷиҳати рушди иқтисоди кишвар аз ҷониби Сарвари давлат ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноаткунонии босуръати мамлакат муайян шуд, ки ин фоли некест. Саноаткунонии аз ҳама ҷиҳат ба кишвар қувват мебахшад, пеш аз ҳама сифат ва самаранокии маҳсулоти истеҳсолшуда баланд гардида, содирот рушд мекунад. Ҳамчунин, ҷойҳои кории нав ташкил шуда, аҳолӣ бе мушкилӣ ба ҷойи кор таъмин шуда, шумораи синфи коргари маҳаллӣ меафзояд.
ШАРИФЗОДА МУҲАММАД,мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе