15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

РАФТИ КОРҲОИ БУНЁДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ ДАР МАҲАЛЛАҲОИ НОҲИЯ

Дар партави сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои беназири Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ идома доранд. Дар ҳамин асно, имрӯз Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо, муовини якум, муовинон ва шахсони масъул боздидӣ навбатӣ аз асфалтпӯшкунии роҳҳои маҳаллаи “Яккатут-1” машҳур ба "Колхози Россия"-и ноҳия ба амал оварданд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳи хосса ба инфрасохтори шаҳр ва ҳавасмандгардонии сокинону соҳибкорон дар раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки дар маҳаллаи номбурда 10 км роҳи мошингард бо паҳноии 8 метр асфалтпӯш карда мешавад. Дар ҷараёни шиносоӣ бо корҳои ободонӣ Раиси ноҳия қайд намуд, ки обод кардани ҳар як гӯшаи диёр ин қарзи ҳар як фарди ватандӯст буда, иқдоми сокинони саховатпешаи ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомот намунаи олии ваҳдат ва созандагист. Инчунин Раиси ноҳия зимни суҳбат бо роҳсозон ва бошандагони маҳаллӣ таъкид намуд, ки маҳз бо дастгирии дастҷамъона мо метавонем симои ноҳияро дигаргун сохта, ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол намоем. Чунин иқдомҳои созанда собит месозанд, ки дар саросари кишвар руҳияи бунёдкорӣ ҳукмфармо буда, ҳар як ваҷаб замини Ватан таҳти таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумат ва мақомоти иҷроия қарор дорад. Иштироки фаъоли Раиси ноҳия дар иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ собит месозад, ки сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо низоми муайян амалӣ шуда, ҳадафи асосии он таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини кишвар мебошад.