Имрӯз Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, омода намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илм» сарфароз гардонида шуд.
Қадрдонии мазкур эътирофи хизматҳои арзанда ва фаъолияти содиқонаи Раиси ноҳияи Шоҳмансур буда, аз аҳаммияти саҳми шахсиятҳои масъул дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла маорифу илм, шаҳодат медиҳад. Ин нишони фахрӣ ҳамзамон масъулияти баландро дар роҳи идомаи фаъолияти созанда, дастгирии ташаббусҳои иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафту ободии Ватани азиз тақозо менамояд.