Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмони иншооти нави нақлиётӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ санги асос гузоштанд
19 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ва вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Вэнтао дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд.
Эстакадаи якум дар қитъаи кӯчаҳои Абай - А. Қаҳҳоров бунёд гардида, дарозии роҳ 3,736 км-ро ташкил медиҳад.
Роҳи дусатҳаи нави сохташавандаи дуюм дар буриши кӯчаҳои А. Ҷомӣ бо А. Қаҳҳоров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа, роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад ва 2,310 км дарозӣ дорад.
Эстакадаи сеюм дар кӯчаҳои Ҷанубӣ – А. Қаҳҳоров бо пул қарор гирифта, дарозии роҳ 2,848 км ва дарозии пул бошад 0,23 км мебошад.
Лоиҳаи сохтмони эстакадаҳо ва пул дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Агентии давлатии рушди байналмилалии Ҷумҳурии
Мардумии Чин амалӣ гардида, он аз ҷониби ширкатҳои Чинии China Railway First Survey and Design Institute Group ва Xi’an Engineering Consultancy & Management идора карда мешаванд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи мазкур ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар муҳлати муайянгардида дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода, таъкид доштанд, ки он бояд мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд гардад, то барои сокинон солҳо хизмат намояд.