РУШДИ ФУТБОЛ ВА ИҚДОМҲОИ СОЗАНДА ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР
Футбол танҳо як бозии варзишӣ набуда, балки он падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиест, ки миллионҳо нафарро дар саросари ҷаҳон новобаста аз миллат, нажод ва забон муттаҳид месозад. Беҳуда нагуфтаанд, ки футбол забони муштараки сайёра аст ва бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногуни сайёра мебошад. Дар робита ба ин Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9-уми феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши муҳими футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ дарк ва пазируфта шуда, бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шавад. Боиси сарфарозист, ки Созмони Милали Муттаҳид бо дарки ин қудрати бузург рӯзи 25-уми майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон дошта, он дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Дар қатъномаи СММ аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст ва чун анъана ҳамасола 25-уми май дар кишвари мо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивалу чорабиниҳои варзишӣ баргузор мешаванд. Агар ба пайдоиши футбол назар афканем, он санаи ба худ хос дошта, ба ифтихори садсолагии аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол дар таърих, ки соли 1924 дар доираи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Париж баргузор шуда буд, интихоб гардидааст. Маҳз ҳамон вақт бозии футбол мақоми расмӣ пайдо карда, таваҷҷуҳи хоси давлатҳоро ба худ ҷалб намуд. Футболро “Шоҳи варзиш” гуфтаанд, ки бо чанд сабаби асосӣ мақоми аввалро дар байни намудҳои гуногуни варзиш ишғол мекунад. Масалан, дастрасии оммавӣ ба ин намуди варзиш, яъне чӣ тавр? Дар фарқ аз майдонҳои боҳашамати Аврупо барои футболбоз шудан дар кӯчаҳои Бразилия танҳо як тӯб ва майдончаи хурд лозим аст. Фикр мекунам, ки сермухлистарин варзиш дар ҷаҳон маҳз футбол мебошад ва ҳеҷ як дигар намуди варзиш ба мисли футбол ҳаяҷон, ашк, шодӣ ва эҳсосотро ба мухлисон дода наметавонад. Футбол дар кишвари маҳбуби мо ба як ифтихори миллӣ табдил ёфтааст. Дар солҳои охир футболи тоҷик марҳилаи нави рушдро аз сар гузаронида истодааст. Баромади тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2023, ки то марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт, исбот кард, ки мо метавонем бо абарқудратҳои қора рақобат кунем. Дар моҳи сипаригашта боз шоҳиди давстоварди бузурги варзишӣ гардидем. Ин ҳам бошад, роҳхат ёфтани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки аз пешрафт ва таваҷҷуҳи махсус ба ин намуди варзиш дар кишварамон дарак медиҳад. Мавриди ёдоварист, ки дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии №1” амал мекунад, ки дар он аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла футбол тамринҳо ба роҳ монда шудааст ва мураббиёни касбӣ ба кӯдакону наврасон ва ҷавонон нозукиҳои варзиширо меомӯзонанд. Дар ноҳия футбол анъанаи дерина дошта, дар солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба зинаи нави рушд баромадааст. Хушбахтона дар мавсими нави футбол дастаи “Клуби футболи Шоҳмансур” ба Лигаи якум роҳхат гирифта, дар доираи он аллакай чанд бозии аввалини худро анҷом додааст. Мавриди зикр аст, ки 3 нафар бозингарони даста ба тими мунтахаби то шонздаҳсола Тоҷикистон (U-16) даъват шудаанд. Айни ҳол дастаи “Клуби футболи Шоҳмансур” дар Лигаи якуми чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни 16 даста дар зинаи 10-ум қарор дорад. Даста барои иштирок дар бозиҳои минбаъда омодагии ҷиддӣ дида истодааст. Умедворем, ки футболбозони “Клуби футболи Шоҳмансур” дар Лигаи якуми футболи кишвар аз худ маҳорати баланди касбӣ нишоҳ дода, ба қуллаҳои боз ҳам баландтар мушарраф мегарданд. Ногуфта намонад, ки футбол дар тарбияи насли наврас нақши калидӣ дорад, зеро шуғл ба варзиш моро аз одатҳои бад дур карда, ба саломатии ҷисмонӣ тақвият мебахшад. Дар ин росто бунёди майдонҳои муҳташами мутобиқ ба стандатрҳои байналмилалӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар дастрасии ҷавононро ба бозии футбол бештар кардааст. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо майдончаҳои варзишии муосир сохта ба истифода дода шуда истодаанд. Дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия майдончаҳои варзишӣ мавҷуданд, ки барои наврасон ва ҷавонон дастрас буда, бо дастгириҳои рӯзафзуни Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳия 24 адад майдончаҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдакон амал дорад. Бояд гуфт, ки рушди футболи оммавӣ аз кӯча, маҳалла ва мактаб оғоз мешавад. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба тарбияи насли наврас диққати махсус дода мешавад. Ҳар мавсим миёни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаву корхонаҳои ноҳия мусобиқаҳои анъанавии футбол баргузор мешавад. Футбол дар ноҳияи Шоҳмансур на танҳо як намуди варзиш, балки воситаи асосии тарғиби тарзи ҳаёти солим бо назардошти шавқу рағбати беандозаи наврасону ҷавонони ноҳия, метавон гуфт, ки “Клуби футболи Шоҳмансур” дар ояндаи наздик ситораҳои нави футболи тоҷикро ба миқёси ҷумҳурӣ ва арсаи байналмилалӣ пешкаш хоҳад кард. Рӯзи ҷаҳонии футбол иди ҳар он нафарест, ки ақаллан як бор ба тӯб лагад задааст ё дар назди оинаи нилгун аз пирӯзии дастаи дӯстдоштааш шодӣ кардааст. Бигзор футболи тоҷик ҳамеша зебо, дилнишин ва Парчами мо дар майдонҳои ҷаҳонӣ баланд афрохта шавад! Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак, ҳамватанони азиз! Сафар ОЛИМЗОДА, раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе