15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

РУШДИ УСТУВОР ВА СИЁСАТИ ИНСОНМЕҲВАР: БАРДОШТҲО АЗ МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 23-юми январи соли равон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, аз рӯйдодҳои муҳимми сиёсиву иқтисодии оғози сол ба ҳисоб меравад. Ин маҷлис на танҳо ҷамъбасти ҳамаҷонибаи фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли 2025 буд, балки самтҳои стратегии рушди кишварро барои соли 2026 ва солҳои минбаъда муайян намуд.

Дар кори маҷлис иштироки васеи намояндагони тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, роҳбарони муассисаҳои илмӣ, молиявӣ, истеҳсолӣ ва воситаҳои ахбори омма аз аҳамияти хоссаи масъалаҳои баррасишуда гувоҳӣ медод. Муҳити маҷлис нишон медод, ки масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доранд.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2025 шунида шуд. Аз муҳтавои ҳисобот бармеояд, ки соли гузашта барои Тоҷикистон соли пур аз дастовардҳо буд. Сарфи назар аз вазъи мураккаби геосиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон, иқтисоди миллӣ бо суръати устувор рушд намуда, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ таъмин гардиданд.

Рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 8,4 фоиз, сатҳи пасти таваррум, иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети давлатӣ ва афзоиши истеҳсолот дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва хизматрасонӣ далели он аст, ки сиёсати иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ самаранок татбиқ гардидааст.

Муҳим он аст, ки ин рушди иқтисодӣ танҳо бо рақамҳо маҳдуд намешавад, балки ба беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ ва таҳкими инфрасохтори иҷтимоӣ замина гузоштааст.

Яке аз бардоштҳои асосии маҷлис таваҷҷуҳи махсус ба соҳаи саноат буд. Эълон гардидани солҳои 2022–2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» имрӯз натиҷаҳои мушаххас дода истодааст. Дар соли 2025 садҳо корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуда, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.

Саноатикунонии босуръат ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба коҳиши вобастагӣ аз воридот, афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар мусоидат менамояд. Сарвари давлат дар ин самт ба роҳбарияти соҳа вазифа гузоштанд, ки иқтидорҳои нави истеҳсолӣ таъсис дода шаванд, корхонаҳои бозистода фаъол гарданд ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир вусъат ёбад.

Дар маҷлис таъкид гардид, ки рушди устувори иқтисод бе таъмини амнияти энергетикӣ ғайриимкон аст. Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи энергетика, афзоиши истеҳсоли неруи барқ ва ҷорӣ намудани низомҳои муосири баҳисобгирӣ аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти Ҳукумат боқӣ мемонанд.

Ҳамзамон, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ҳамчун омили муҳимми пайвастшавии минтақавӣ ва рушди иқтисод баррасӣ гардид. Афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ нишон медиҳад, ки соҳа тадриҷан ба талаботи иқтисоди миллӣ мутобиқ мегардад.

Соҳаи кишоварзӣ ҳамчун кафили амнияти озуқавории кишвар дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор дошт. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, ворид намудани технологияҳои муосир ва рушди содирот аз вазифаҳои асосии соҳа арзёбӣ шуданд.

Сарвари давлат ба масъалаи истифодаи ҳар як ваҷаб замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аҳамияти махсус доданд. Ин нишон медиҳад, ки сиёсати кишоварзӣ на танҳо иқтисодӣ, балки стратегӣ ва ояндабин мебошад.

Яке аз паҳлуҳои муҳими бардошти маҷлис таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ буд. Сохтмони мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нишон медиҳад, ки инсон дар маркази сиёсати давлатӣ қарор дорад.

Баланд бардоштани сифати таҳсилот, таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсӣ, рушди тандурустӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ ҳамчун омилҳои асосии рушди устувори ҷомеа арзёбӣ шуданд.

Аз муҳтавои суханрониҳо ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки масъалаи интизом, қонуният ва масъулияти шахсии роҳбарон дар маркази диққат қарор дорад. Пешгирии қонуншиканиҳо, рақамикунонии муносибатҳои молиявӣ, шаффофият ва мубориза бо коррупсия аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ боқӣ мемонанд.

Хулоса, Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки кишвар ба марҳалаи нави рушд ворид мегардад. Соли 2025 ҳамчун соли натиҷагирӣ ва мустаҳкамсозии пояҳои иқтисодӣ арзёбӣ шуда, соли 2026 соли идомаи ислоҳот, масъулияти баланд ва татбиқи амалии ҳадафҳои стратегӣ хоҳад буд.

Бардошти асосӣ аз ин маҷлис дар он аст, ки рушди Тоҷикистон бар пояи субот, истеҳсолот, адолати иҷтимоӣ ва сиёсати инсонмеҳвар идома меёбад ва Ҳукумат бо роҳбарии Пешвои миллат барои ояндаи устувори кишвар тадбирҳои мушаххас меандешад.

  

Бобозода АСОМИДДИН,

мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур