15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

САБЗКОРӢ ДАР КӮЧАВУ ХИЁБОНҲОИ НОҲИЯ ИДОМА ДОРАД

Дар доираи ҳидояту раҳнамоиҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудан аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷашни байналмилалии Наврӯз баҳри сабзу хуррам нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мирзо Мастонгуловм ноҳия бо иштироки роҳбарияти мақомот ва кормандон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар кӯчаи номбурда дарахтҳои ороишии санавбар шинонида шуда, нигоҳубини минбаъдаи онҳо, аз ҷумла обёрии мунтазам, нармкунии бехи дарахтон зери назорати доимӣ қарор дода мешавад. Мақсад аз шинонидани дарахтони ороишӣ беҳтар намудани вазъи экологӣ, зебо гардонидани муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ мебошад. Дар идомаи корҳои ободонӣ таъкид шуд, ки ҳар як ниҳоли шинонидашуда барои тозагии ҳаво ва саломатии ҷомеа аҳаммияти муҳим дошта, ниҳолшинонӣ, пеш аз ҳама, ба зиёд намудани дарахтони ороишӣ, инчунин зебо намудани кӯчаву хиёбонҳо нагаронида шудааст. Ҳамзамон гардид, ки иқдомҳои мазкур идомаи ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат буда, бояд пайваста роҳандозӣ гарданд, зеро ниҳолшинонӣ ин саҳми амалӣ дар ободонии Ватан ба ҳисоб меравад.