Дар партави сиёсати созандаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, инчунин тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахшида ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, намояндагони сохторҳои дахлдор, маориф, муассисаҳои тандурустӣ, фаъолзанон ва дигар сокинони ноҳия иштироки фаъолона намуда, баҳри тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳо, маҳаллаҳо, гирду атрофи муассисаҳо ва дигар мавзеъҳои ҷамъиятӣ корҳои ободониву созандагиро анҷом доданд.
Ҳамзамон, дар доираи шанбегӣ корҳои тозакунии муҳити зист, ҷамъоварии партовҳо, нигоҳубини дарахтону буттаҳо ва ба тартиб даровардани ҳудуди маҳаллаҳо амалӣ гардид.
Бояд зикр намуд, ки саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, ҳифзи муҳити зист ва нигоҳдории тозагӣ вазифаи ҳар як сокини ватандӯст буда, чунин иқдомҳо барои боз ҳам зебову обод гардидани пойтахти азизамон мусоидат менамоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе минбаъд низ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иқдомҳои дастаҷамъонаро идома медиҳад.