Дар идомаи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд бо нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд.
Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур яке аз ташаббусҳои назарраси шаҳрсозии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб рафта, бо мақсади ташаккули маркази нави муосири шаҳрӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва рушди устувори инфрасохтори шаҳрӣ амалӣ мегардад.
Тибқи нақшаи генералии лоиҳа, масоҳати умумии ҳудуди шаҳри нав 20 ҳазор гектарро ташкил дода, он барои зиндагии тақрибан 2 миллион нафар пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи татбиқи лоиҳа бунёди маҳаллаҳои истиқоматӣ, марказҳои тиҷоративу маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, инчунин боғҳо, минтақаҳои сабз, обанборҳо ва дигар иншооти муосири инфрасохторӣ бо истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар назар дошта шудааст.
Зикр гардид, ки таҷрибаи татбиқи чунин лоиҳаҳои бузурги шаҳрсозӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии идоракунии шаҳрҳо барои омӯзиш ва табодули таҷриба дар самти рушди инфрасохтори муосир аҳаммияти муҳим дорад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба иқдоми пешгирифтаи шаҳрдории Тошканд баҳои баланд дода, дар татбиқи амалии ин лоиҳа барори кор таманно намуданд.