Боиси ифтихору сарфарозист, ки 13 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар озмуни ҷумҳуриявии «Аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медали тилло ва нуқра» сазовори 13 медали тилло гардида, ноҳияи Шоҳмансурро аз рӯйи шумораи медалҳои тилло миёни тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мақоми аввал қарор доданд.
Ин дастоварди арзишманд самараи сиёсати маорифпарваронаи давлат, заҳмати шабонарӯзии омӯзгорон, фаъолияти пурсамари роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, талошу донишандӯзии хонандагони болаёқат ва дастгирии доимии падару модарон мебошад.
Қобили зикр аст, ки даври ҷумҳуриявии озмун аз 28 то 30 июли соли 2026 бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби байналмилалии Президентӣ баргузор гардида, ғолибон дар фазои тантанавӣ бо медалҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Ҳамаи ғолибон, омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва волидони муҳтарамро бо ин пирӯзии бузург самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, неруи тоза ва комёбиҳои боз ҳам бештар дар роҳи рушди илму маорифи кишвар орзумандем.