15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 дар бинои Парлумони кишвар баргузор гардид, аз ҷониби кулли мардуми кишвар басо гарму самимона пазируфта шуд. Паёми солонаи Пешвои миллат тамоми соҳаҳои муҳимми ҷумҳуриро дар бар гирифта, паҳлуҳои гуногуни фаъолияти самтҳои асосиро фарогир аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми вохӯриву мулоқотҳои худашон таваҷҷуҳ ба ҷавононро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ пазируфта, самимият ва боварии худро нисбат ба ҷавонон ва насли соҳибмаърифату донишманд баён медоранд. “Ҳоло дар ҷумҳурӣ ягон соҳае нест, ки ҷавонони мо дар он нақши фаъол надошта бошанд. Онҳо насли замони истиқлоланд”.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишварро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол номида, изҳор доштанд, ки ҷавонони ватандӯст минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талошҳои навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким бахшидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмиллалӣ саҳми арзанда бояд бигузоранд.
Воқеан, рӯ овардан ба насли ҷавон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо аз тарафи Ҳукумати мамлакат ҳисси баланди худшиносиву хештаншиносии моро бедор карда, ҳар яки моро водор месозад, ки дар баробари ин ҳама ғамхории падарона боз ҳам неруи тоза гирифта, фаъолияти худро боз ҳам даҳчанд намоем, зеро масъулияти ояндаи созандагиву бунёдкории миллат маҳз дар дасти ҷавонони саодатманди миллат аст.
Эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” далели равшани ғамхории Пешвои миллат нисбат ба ободии сарзаминамон ва тақвияти ҳисси миллӣ миёни шаҳрвандон мебошад. Ин ташаббус на танҳо мо – ҷавононро водор месозад, ки барои рушду тараққиёти деҳаву маҳалла ва шаҳру ноҳияҳо саҳм гузорем, балки ба дӯст доштани Ватан, худшиносиву худогоҳии миллӣ такони тоза бахшида, тавонем Ватани маҳбуби худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам нуфӯзи тоза бахшем.
Паёми Пешвои миллат омили рушди босуботи мамлакат, вусъати сарсабзии миллат ва бедории афкори миллӣ барои ҳар як шаҳрванди тоҷик ба шумор меравад. Нақши калидии паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, маорифу фарҳанг, тандурустиву ҷавонон ва занонро пурра дар бар гирифта, вазифа ва мақсадҳои навбатиро ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар ба зима гирифтанд.
Мо – ҷавонон бояд бо ҳисси ифтихор аз Ватани озоду соҳибистилоли хеш, бо дарки масъулият дар пос доштани таърих, фарҳанг, забони миллати худ ва баҳри ободкории кишвари азизамон заҳмати ҳамарӯза дошта бошем.

Анушервон ИСМАТОВ,
мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши
ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе