15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён

5 октябр суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён баргузор гардид.
Муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо табрикоту таманиёти нек Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона шодбош гуфтанд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо аз раванди рушду тавсеаи бомароми муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки бо саъю талошҳои муштарак робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар минбаъд ҳам дар масири густариши бемайлон қарор хоҳад гирифт.
Дар фарҷоми суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Эрон хоҳони сулҳу субот ва рифоҳи доимӣ шуданд.