15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

СУЛҲ - ПОЯИ ДАВЛАТИ УСТУВОР, КАФИЛИ РУШДИ ҶОМЕА ВА МЕРОСИ ГАРОНБАҲО БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА МЕБОШАД

"Мо бояд дар навбати аввал ба навсарону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар саросари ҷаҳон ҷангу низоъҳо ва таҳдидҳои амниятӣ рӯбарӯ мебошад. Пешвои муаззами миллати тоҷикон бо ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи худ дар арсаи давлатҳои абарқудрати дунё нақши муҳимеро нишон доданд. Дар ҳамин замина, ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036», ки бо Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардид, як воқеаи таърихӣ ва иқдоми фараҳбахши ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Тоҷикистон, ки худ таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, аз лиҳози аҳамияти сулҳу ваҳдат дар ҷомеа беҳтарин дониста мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми мардуми дунё ҳамчун абармарди сиёсат мешиносанд бо донишмандиву хирадмандӣ, дурандешӣ, худогоҳу худшиноси миллӣ сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намуданд ва кишварро аз парешонию фано ба суботу пешрафт раҳнамоӣ карданд. Ҳамин таҷрибаи безавол ба Президенти мамлакат имкон дод, ки дар саҳнаи байналмилалӣ ҳамчун яке аз Пешвоёни сулҳҷӯи ҷаҳонӣ эътироф гарданд.
Ташаббуси «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ» на танҳо идомаи сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон, балки як чорабинии стратегӣ барои ҳифзи ояндаи инсоният мебошад. Ин ташаббус ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон имкон медиҳад, ки дар як чорчубаи умумӣ барои таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо ва тарбияи насли ояндасоз саҳмгузор бошанд.
Мазмуни асоси таҳкими фарҳанги сулҳ, густариши муколамаи созанда, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешгирии низоъҳо ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки инсоният бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ аст, ҳифзи сулҳу субот ба яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Таҳкими сулҳ танҳо вазифаи давлатҳо нест, балки рисолати ҳар як инсони соҳибвиҷдон мебошад. Ҳар як иқдоми нек, ҳар сухани созанда ва ҳар амали масъулона метавонад дар пойдории сулҳ ва ваҳдати ҷомеа саҳмгузор бошад.
Сулҳ - пояи давлатдории устувор, кафили рушди ҷомеа ва мероси гаронбаҳо барои наслҳои оянда мебошад. Сулҳ - пояи устувори миллат, ободии хонадон , хандаи кӯдакон ва ҳамоҳанги дили модарон мебошад.
Фаъолияти ҷавонон дар татбиқи ҳадафҳои ин даҳсола бисёр муҳим аст. Бо маърифати баланд, ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ онҳо метавонанд дар таҳкими сулҳ ва бунёди ҷомеаи пешрафта саҳми арзанда гузоранд. Танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат илм рушд мекунад, иқтисод пеш меравад ва ҷомеа ба дастовардҳои нав ноил мегардад.
Ташаббуси сулҳҷӯёнаи Роҳбари сулҳовару сулҳофари кишвари мо дар айёме қабул шуд, ки инсоният бо буҳронҳои бесобиқаи сиёсӣ, низоъҳои мусаллаҳона, рақобатҳои геополитикӣ, афзоиши таҳдидҳои террористӣ ва нооромиҳои минтақавӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Дар айни замон дар натиҷаи ҷангу ихтилофоти сиёсӣ дар чандин гӯшаи ҷаҳон ҳамарӯза ҳазорҳо инсон ҷони худро аз даст медиҳанд, миллионҳо нафари дигар аз манзилу кошонаи худ маҳрум мешаванд ва аз ҳама ташвишовар, кӯдакон ба ҷойи мактаб рафтан дар миёни садои тиру туфанг ба воя мерасанд. Дар чунин шароит ташаббуси кишвари мо боз ҳам арзиши баланд касб намуда, таваҷҷуҳи башариятро ба олитарин арзиши зиндагӣ, яъне, сулҳ боз ҳам бештар ҷалб месозад.
Қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» дастоварди муҳимми дипломатияи Тоҷикистон ва пирӯзии фарҳанги сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин рӯйдоди таърихӣ боз як бо ри дигар собит сохт, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки дар ҳалли масъалаҳои тақдирсози ҷаҳонӣ пешниҳоди мушаххас, таҷрибаи арзишманд ва мавқеи созанда дорад.
Ин иқдом аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон, аз фарҳанги куҳанбунёди ҳамзистии осоиштаи ниёгони мо ва аз иродаи қавии миллате сарчашма мегирад, ки арзиши сулҳу ваҳдатро бо тамоми ҳастии худ дарк кардааст. Аз ҳамин рӯ, паёми Тоҷикистон имрӯз ба паёми умеди тамоми инсоният табдил ёфтааст.
Сулҳи тоҷикон дар умқи таърихи чандҳазорсолаи миллат реша дорад. Осори гаронбаҳои ниёгони мо, таълимоти донишмандон ва мероси маънавии адибони тоҷик ҳамеша инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, адолат ва зиндагии осоишта раҳнамоӣ кардааст.
Дар Паёми шодбошӣ низ Пешвои миллат ин воқеиятро чунин баён намуданд: «Мардуми тоҷик дар тули таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун меросдорони тамаддуни ориёӣ арзишҳои ҳамзистии осоишта, таҳаммулгароӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳоро ҳифз кардаанд ва гиромӣ доштаанд».
Даҳсолаи қабулгардида ҷомеаи ҷаҳониро ба муттаҳид сохтани талошҳо барои таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, густариши муколама, таҳаммулгароӣ ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳидоят мекунад. Дар санади мазкур ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Иттифоқ будан ҳалли ҳамаи мушкилиҳо , баҳсҳо, эҳтироми ҳуқуқии инсонҳо, пешгирии ҷангҳо ва таҳкими фарҳанги сулҳро мавқеи меҳварӣ дорад.
Ҳамзамон, ҳамаи давлатҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикон барои татбиқи самараноки қатънома ба ҳамкорӣ даъват шудаанд.
Дар ин бора, Роҳбари давлати тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди махсус иброз доштанд: «Мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст».
Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Шодию равнақу барор оварад.
Сулҳ шакарханди лаби кӯдакон,
Сулҳ ҳамоҳанги дили модарон.
Тоҷикистон дар татбиқи ташаббусҳои сулҳҷӯёна ҳамеша дар сафи пеш аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир бо ташаббусҳои созанда ва фарогири байналмилалӣ маъруф гардидааст.
Мо аз мефахрем, ки бо ташаббуси сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» қабул гардида, ҷаҳониёнро водор сохт, ки тоҷикон аз азал халқи сулҳдӯсту ватандӯст ва хештаншиносу худогоҳ буданд ва ин эътимоди Роҳбари давлати тоҷикон натиҷаи сиёсати оқилона, мавқеи устувор ва нуфузи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мебошад.
Нумонзода Мунзима Нумон
Директори МТМУ№23-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе