ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Имрӯз дар фазои идона ва бо шукуҳу шаҳомати хосса дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангию фароғатӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ доир гардид. Дар ҳамоиши наврӯзӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоиши идонаи ҳунармандони ноҳия, ки инъикосгари фарҳанги бостонии тоҷикон мебошанд, дидан намуданд. Зимни баргузории ҳамоиши наврӯзӣ муовини Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода ҳозиринро аз номи роҳбарияти олии ҲХДТ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз муборакбодӣ намуда, зикр кард, ки Наврӯз бо талошҳои ҷандинсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуда, рамзи ваҳдату созандагии натанҳо миллати шарафманди тоҷик, балки тамоми оламиён гардидааст. Ҳамзамон Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо дар суханронии худ қайд намуд, ки сокинони ноҳияи Шоҳмансур бо дастовардҳои назаррас ин ҷашни аҷдодиро истиқбол мегиранд ва саҳми онҳо дар ободонии пойтахт воқеан қобили таҳсину офарин аст ва ҳамаи ин неъмати даврони Истиқлол озодӣ, сулҳу субот бо шарофати Пешвои муаззами миллат аст, ки таҳқиқу омӯзиши пурғановати миллатамон, суннату анъанаҳо, расму оин ва таҷлили густурдаи ҷашнҳои асили миллӣ, аз ҷумла Наврӯз эҳёву байналмилалӣ гардонида шудааст. Мавриди зикри хос аст, ки дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, махсусан кӯдакони ятим, дар рӯзҳои ид ба як анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар идомаи чорабинӣ иқдоми наҷибу инсондӯстона – маросими хатнасури хайриявӣ ва тақдимӣ туҳфаҳо ба кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Дар идома барномаи консертӣ аз ҷониби ҳунармандони шинохта бо суруду таронаҳои наврӯзӣ ва рақсҳои миллӣ пешниҳоди ҳозирин гардид, ки ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид. Ҳамоиши идонаи наврӯзӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, бори дигар собит намуд, ки Наврӯз ҳамчун иди эҳёи табиат ва дӯстию рафоқат дар қалби ҳар як сокини ноҳия ҷойгоҳи махсус дорад.