15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст, Тоҷикистон ватани Наврӯз аст. Субҳи имрӯз Майдони 800-солагии Москва қабои идона дошт. Чун сокинони сарбаланди ноҳия бо руҳияи болидаву шодмонӣ аз ин ҷашни аҷдодӣ истиқбол намуда, бо садои карнаю сурнай рақсу шодӣ ва аз омадани фасли баҳор – Соли нави аҷдодӣ ва Наврӯзи фархундапай мужда расониданд. Дар чорабинии имрӯзаи фарҳангӣ – фароғатӣ, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир гардид, муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода, Раиси ноҳияи Шоҳмансур Сафар Маҳмадшо, муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Анваров ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, сокинони ноҳия иштирок намуданд. Чорабинӣ бо боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ оғоз ёфта, ҳар як маҳалла ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия дастархони идонаи худро бо рамзҳои наврӯзии “ҳафтсин” ва “ҳафтшин” оро дода буданд, инчунин дар намоишгоҳ намунаҳои гуногуни ҳунарҳои дастӣ намоиш дода шуданд. Ҳамзамон дар оғози намоиши идона, ҳайати расмиро дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ бо шеъру суруд гарму самимӣ истиқбол гирифта, пасон меҳмонон аз намоишгоҳи расму оинҳои мардумӣ, дастранҷи деҳқонону барзгарон, косибону оҳангарон ва хӯрокҳои миллии хосси наврӯзӣ дидан ба амал оварда, барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги ғановатманди ниёгон ба дастандаркорони он баҳои баланд доданд. Зимни сухани табрикотии худ Муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода қайд намуд, ки “Наврӯз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифта, имрӯз ҳамчун рамзи дӯстӣ ва эҳёи табиат дар тамоми ҷаҳон шинохта шудааст”. Инчунин ӯ таъкид дошт, ки “Наврӯзи имсола бо корҳои ободониву созандагӣ ва шинонидани ҳазорон бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан дар ҳудуди ноҳия тавъам омад”. Зимни ироаи табрикоти наврӯзӣ Раиси ноҳияи Шоҳмансур Сафар Маҳмадшо сокинонро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику шодбошӣ намуда, зикр намудд, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, ки оини муқаддас ва файзбори ориёӣ, ки ҳазорсолаҳо ҳаёти маънавӣ ва ғоявии миллати тоҷикро шодоб мегардонад, яъне Наврӯзи оламафрӯз аз нав эҳё ва ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Имрӯз бо ифтихор ва шодмонӣ метавон гуфт, ки Наврӯз чун пештара ҷойгоҳи худро соҳиб гашт ва дар сартосари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Эҳёи бомароми расму оинҳои накӯи наврӯзӣ ба тарғибу ташвиқи шоистаи он дар ҷумҳурӣ ва берун аз он собит месозад, ки Тоҷикистон Ватани Наврӯз ва ворису посдори ин суннати пурифтихори бостонӣ мебошад. Чорабинии идона бо барномаи фарҳангӣ – фароғатии наврӯзӣ бо иштироки ҳунармандони маҳбуби кишвар пешкаши ҳозирин гардид. Боиси зикр аст, ки тантанаҳои наврӯзӣ дар ноҳия идома дошта, нишонаи он аст, ки мардуми шарифи мо ба анъанаҳои ниёгони худ содиқ буда, ин иди покро бо нияти нек ва умед ба соли пурбаракат истиқбол мегиранд. Тантанаҳои наврӯзӣ дар фазои оромӣ, ваҳдат ва хурсандӣ идома доранд.