15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ МЕҲРГОН-ҶАШНИ НИЁГОН ‒ АЗ БОСТОН ТО ИМРӮЗ

22 - юми октябри соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №30-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни бостонии Меҳргон намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур З.Зуҳурзода, мудири шуъбаи маориф А.Бобозода, мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия, ҳайати кормандон ва тарбиягирандагони муассиса иштирок намуданд.
Қисмати аввали чорабинӣ аз тамошои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои пазандагӣ ва хӯрокҳои миллии тоҷикӣ оғоз гардид. Иштирокдорон аз дастовардҳои кишоварзон, гуногунии маҳсулоти мавсимӣ ва таомҳои миллии омодашуда, ки рамзи фаровонӣ, баракат ва неъматҳои дастархони тоҷикона мебошанд, дидан намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки тарбиягирандагони муассиса пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.
Чунин чорабиниҳо барои арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ, эҳёи суннатҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу тамаддуни миллӣ ва ба ин васила тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад.