Имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба истиқболи 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ботантанаи фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор шуд.
Дар ҷорабини мақомоти роҳбарикунандаи шаҳру ноҳия, роҳбарони муассисаҳо ва фаъолони ҷомеа иштирок намуда, аҳамияти бузурги ин санади сарнавиштсозро дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон таъкид карданд.
Чорабинии мазкур дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105 бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам Раҳим, Раиси ноҳияи Шоҳмансур Олимзода Сафар Маҳмадшо ва Раиси суди ноҳияи Шоҳмансур Мирзозода Муҳаммад ҷараён гирифт.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам Раҳим паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокчиён ва сокинони ноҳия расонида, қайд кард:
«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии кишварамонро ба расмият дароварда, орзуву армони деринаи мардуми сарбаланди тоҷикро ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъсиси пояҳои нави давлатдорӣ амалӣ намуд ва роҳи наверо ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ кард».
Зимни суханронӣ ба нақши муҳими Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди қабули ин санади таърихӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ёдовар шуд, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи устувори ҳуқуқии рушди ҷомеаи демократиро фароҳам овард.
Дар идома Раиси ноҳияи Шоҳмансур Олимзода Сафар Маҳмадшо иштирокчиёнро табрик гуфта, таъкид кард, ки эҳтиром ва риояи Конститутсия масъулияти аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд, бахусус хизматчиёни давлатӣ мебошад. Татбиқи воқеии меъёрҳои ин санади муқаддас пеш аз ҳама дар фаъолияти софдилона, риояи қонуният, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ зоҳир мегардад.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи соли 1994 дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ таҳти роҳбарӣ ва иродаи пуркоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз асосҳои ҳуқуқии бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро муайян карда, роҳи рушди минбаъдаи кишварро ҳамвор намуд.
Раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Мирзозода Муҳаммад дар баромади худ доир ба риояи ҳатмии талаботи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкуни дар байни ноболиғон ва наврасон андешаронӣ карда, зикр кард, ки ҷомеаи солим дар партави риояи қонун ва фарҳанги баланди ҳуқуқӣ рушд мекунад. Ин санаи таърихӣ дар тақвими давлатдории навини мо мақоми хоса дошта, оғози марҳалаи сифатан тозаи рушди ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таҳкими пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид. Ҳунармандон ва ҷавонони боистеъдоди мамлакат бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва идона фазои тантанавии чорабиниро боз ҳам ғанӣ гардониданд.
Таҷлили бошукуҳи ин санаи муҳим бори дигар собит намуд, ки ҳифзи арзишҳои Конститутсионӣ ва риояи талаботи меъёрҳои он кафили асосии суботи ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азиз мебошад.