Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар он масъулини соҳаи тандурустӣ, табибон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони муассисаҳои тиббӣ, собиқадорон ва фаъолони соҳа иштирок намуданд. Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зуҳурзода Заррина Ҳабибулло иштирок ва суханронӣ намуда, табрикоти Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Олимзода Сафар Маҳмадшоро ба муносибати иди касбӣ ба кормандони соҳаи тиб расониданд.
Таъкид гардид, ки касби табибӣ аз ҷумлаи касбҳои пурмасъулият, башардӯстона ва пуршараф буда, кормандони соҳаи тиб дар ҳама ҳолатҳо дар паҳлуи мардум қарор дошта, барои ҳифзи ҷони инсон, барқарор намудани саломатӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии шаҳрвандон саҳми арзанда мегузоранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста рушд намуда, барои таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Дар идомаи чорабинӣ саҳми табибон, ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Шоҳмансур дар рушди соҳа ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ махсус таъкид гардида, як қатор кормандони фаъол ва собиқадорони соҳа барои фаъолияти пурсамар, меҳнати софдилона, масъулияти баланди касбӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи саломатии аҳолӣ бо Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.