15px

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  • Асосӣ
  • Хабарҳо
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Суханрониҳо
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • Фармонҳо
    • Паёмҳо
    • Барқияҳо
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • Аксҳо
  • Маъмурият
    • Раис
    • Муовинони Раис
    • Дастгохи раис
  • Тақсимоти маъмурӣ
    • Шиносномаи ноҳия
    • Соҳаи комуналӣ
    • Соҳаи иқтисодӣ
    • Соҳаи иҷтимоӣ
    • Соҳаи дин
    • Маориф
    • Тандрустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон ва варзиш
    • Кор бо занон
    • Меъморӣ ва шаҳрсозӣ
    • Ҳунарҳои мардумӣ
  • Аз паём то паём
  • Стратегия
  • Душанбе — пойтахт
  • Нақшаи кулл
  • Нома ба Раис
  • Эълонҳо
  • Тамос
  1. Асоси

ТАҶЛИЛИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

30/12/2025

Имрӯз дар майдони “800-солагии Москва”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Соли нави мелодии 2026 чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Меҳриддин Тоҳирзода, Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Сафар Олимзода,  муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, ҳамчунин ҳайати васеи меҳмонон, фаъолон ва сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Сараввал, муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Меҳриддин Тоҳирзода меҳмононро ба муносибати Соли нави мелодии 2026 аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе табрик намуда, зикр кард, ки соли 2025 барои сокинони пойтахти азизамон шаҳри Душанбе соли бобарор ва пур аз комёбиҳои назаррас арзёбӣ гардид.

Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳтарам Сафар Олимзода сокинонро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик намуда, қайд кард, ки ҳамаи ин муваффақияту пешравиҳо аз сиёсати хирадмандона, созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд, ки барои рушди устувори пойтахт ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи устувор фароҳам овардаанд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангини консертӣ ва намоишҳои ҷолиб идома ёфта, ба ҳозирин руҳу илҳоми тоза бахшид.

Дар анҷом ба сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва меҳмонони пойтахт дар соли 2026 муваффақияту комгориҳо саодати рӯзгор ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона таманно карда шуд.